Истихроҷи ангишт сол то сол афзоиш меёбад!

2017111502

Дар натиҷаи самаранок ба амал баровардани нақшаву чорабиниҳо дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бо мақсади иҷрои нақшаву уҳдадориҳо, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт, истихроҷи ангиштро аз аввали сол то санаи 14 ноябри соли ҷорӣ ба 1 млн. 567 ҳазор тонна расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 367 ҳазор тонна ва нисбати ҷамъбасти соли 2016 205 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми ангишти истихроҷгардида дар таърихи ҷумҳурӣ, ин нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

Дар ин дастовард саҳми КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» (истихроҷ 713,7 ҳазор тонна), ҶДММ «Талко-Ресурс» (326,4 ҳазор тонна) ва Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» (244,7 ҳазор тонна) назаррас мебошанд. КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» нақшаи солонаи худро пеш аз муҳлат таъмин намуд.

2017111502

Ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати фидокоронаву шабонарӯзии кормандони соҳа ба даст омадааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо мебошад. Ба коркарди комплексии конҳо диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Кормандони соҳаи ангишт талаботи тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро ба ангишт таъмин намуда, азм доранд соли равонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намоянд.