Ҷашни бошукўҳи «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 23 ноябри соли 2021,  дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукўҳу шаҳомати хос  баргузор гардид.

IMG_2330

Дар ҷараёни маърӯзаи роҳбарияти Вазорат дарҷ гардид, ки Парчами миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми  мо буда,   имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи  тоҷик, то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

IMG_2337

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро  ҳамчун «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ»  арзёбӣ намудаанд.

Бинобар ин, ҳар як мо дар баробари ҳисси ифтихор аз Парчами миллӣ, эҳтироми  онро низ ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат бояд ба ҷо оварем. Мо дар зарфи  30  соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талоши мардуми шарифи кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем  ва боварии комил дорем, ки  зери ин Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон, ободиву пешрафт ва зиндагии пурсаодати халқи азизи Тоҷикистон таъмин хоҳад гашт.

Чӣ тавре Пешвои муаззами миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: – «Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ,  халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад».

 

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои
нави Ҷумҳурии Тоҷикистон