Вокуниш ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ

Аҳли меҳнатии дастгоҳи марказӣ ва кулли кормандони системаи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон         гирдиҳамоии  ғайриқонуние, ки баъди нисфирўзии санаи 25 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳӣ  аз ҷониби баъзе аз гурўҳҳои манфиатдор  ташкил шуда буд, сахт маҳкум менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки имрўзҳо дар ҷомеаи  мо  паси парда  нафароне ва ё  гурўҳҳое  мавҷуданд, ки барои халқу  миллат заррае хизмат накарда, бо баҳонаҳои беасос  ба корҳои мақомоти давлатӣ тавассути ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ва рафторҳои  номатлуб  дахолат намуда, бо дасисаҳои хеш байни мардум ҳангомасозӣ менамоянд ва  мехоҳанд  фазои орому осудаи  ватани азиз- Тоҷикистонро халалдор созанд.

Хол он, ки дар доираи муқаррароти  санадҳои меъёрии ҳуқуқии  амалкунанда дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳар як нафар  дар мавриди анҷом додани амалу  кирдорҳояш  бар хилофи қонун,  ҷавоб мегуяд.

Аз ин лиҳоз, қазияи бамиёномада бояд дар доираи салоҳияти мақомотҳои  тафтишотӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвавндӣ, тибқи  талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ  ва ҳаллу фасл  карда шавад.

Бинобар ин ва  бо назардошти  таъмини  сулҳу субот ва оромии кишвар, ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки бо дарки ватандўстиву хештаншиносӣ ва дороии зиракии сиёсӣ набояд фирефтаи  чунин  гурўҳҳо ва шахсони  манфиатдор шаванд.

Мо, кулли кормандони системаи  Вазорати саноат ва технологияҳои  нави Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтори чунин гурўҳҳоро  сахт маҳкум намуда, бо назари нек ба ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб,   барои  пешрафту шукўфоии  ватани азиз- Тоҷикистон,  бо истифода аз тамоми нерўву имкониятҳои хеш,  ҳиссагузор хоҳем буд.

 

 

Роҳбарият ва аҳли кормандони системаи

Вазорати саноат ва технологияҳои нави

Ҷумҳурии Тоҷикистон