Баргузории ярмаркаи фурўши ангишт

 

 

PHOTO-2021-12-14-14-54-07 (007)Бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷониби  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар ҳамбастагӣ бо  корхонаҳои ангишти  зертобеъ, санаи 14 декабри соли 2021 Ярмарка фурўши ангишт дар вилояти Хатлон бо нархҳои нисбатан арзон аз  нуқтаҳои фурўши ин намуди сўзишворӣ баргузор карда шуд.

 

Нархи фурўши ангишт аз кони «Фон Яғноб», корхонаҳои  КФ “Шахтаи Фон Ягноб”,  ҶДММ ” ТАЛКО ресурс”, ҶСП ” Комбинати металлургии Тоҷик” бо нархи 0.7 сомонӣ /кг, аз кони ангишти “Зиддӣ”- 0.5 сомонӣ /кг, ангишти кони Шўроби  ш.Исфара ва кони Назар -Айлоқ ноҳияи Рашт, корхонаҳои ҶСК “АНГИШТ” ва ҶСК “Ангишти Камароб” бо нархи 1,3 сомонӣ /кг, яъне як баробар арзон аз нархи фурўш дар нуқтаҳои фурўши   мавҷудбуда, ба аҳолӣ пешниҳод гардидааст.   Тибқи тақсимот ҳамагӣ 54 мошин ангишт ба шаҳрҳои Бохтар, Кўлоб ва Данғара  интиқол дода шудааст.
Дар навбати худ, чунин чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Рашт ва вилояти Суғд низ баргузор карда мешаванд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои
нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

PHOTO-2021-12-14-14-54-06 (005)