Баргузории вохӯрӣ бо ҳайати кормандони Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат баҳри шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»

Санаи 16 – уми ноябри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии устодон ва кормандони донишкада бо мудири бахши ҳуқуқии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваров Раҷабалӣ Раҳимхоҷаевич баргузор гардид. Мақсади асосӣ аз ин вохӯрӣ шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Саидов Саидмаҳмуд Сайдаҳмадович ҳусни оғоз бахшида, чунин иброз дошт, ки дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, баҳри ба амал татбиқ намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шарҳи он, мудири бахши ҳуқуқии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваров Раҷабалӣ Раҳимхоҷаевич ташриф оварданд ва сухан ба он кас дода шуд.

Таваров Р.Р. дар баромади худ зикр кард, ки ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти мардуми тоҷик тағйиротҳои ҷиддиро ба миён овард. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани роҳи хароҷоти барзиёд, ки ба иқтисодиёти оилаҳо зарар мерасонад, иборат аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд:
«Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем».
Пеш аз қабули қонуни мазкур аксар мардум наметавонистанд, ки маъракаҳои худро бо даъвати теъдоди муайяни меҳмонон вобаста ба доштани имконияти моддию молиявии худ гузаронанд. Маъракаҳо ба як нав сабқат байни дороён табдил дода шуда буд, ки мардуми камбизоат имконияти чунин гузаронидани маъракаҳоро надоштанд ва маҷбур мешуданд, ки барои шармсор нашудан дар байни ҳамсоягон, қарз гирифта онро гузаронанд. Ин дар оянда дар зиндагии оила таъсири манфӣ расонида, ба вайрон гардидани оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаҳои манфиатбахшро ба миён овард.
Сипас, Таваров Р.Р. оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйироту иловаҳо дар моддаҳои 9, 10, 11, 12 бо тафсил шарҳу эзоҳ дода, илова намуд, ки барои вайрон намудани талаботи қонуни мазкур, барои аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Таваров Р.Р. инчунин дар бораи дастури дигаре, ки ба қонуни мазкур илова гардидааст, «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуда, афзуд, ки маросими азодорӣ ва таъзия дар асоси талаботи шариати ислом, муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ, таъкидҳои Имом Абӯҳанифа, урфу одатҳои миллату халқиятҳои муқимии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои фиқҳӣ, инчунин қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби дафн ва маросими азодорию таъзияро дар мамлакат муайян меамояд.

Дар охири вохӯрӣ вобаста ба қонуни мазкур, омӯзгорон низ фикрҳои ҷолибу назаррас гуфта, баён намуданд, ки ин сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳуриро ҳамеша дастгирӣ менамоянд.