Соли 2017 – соли беҳтарин дастовардҳои соҳаи саноати сабук

8

Иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид: пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад”.

Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 12,7 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2017 дар  корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 2 млрд 546 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 832,2 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 148,6 % – ро ташкил  медиҳад. Дар соҳаи саноати сабук зиёда аз 18 номгӯи асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.  Дар ин давра:

– истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 112736,6 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2016 25740,3 тонна зиёд мебошад;

– корхонаҳои ресандагӣ 17195,2 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2016 8261,2 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 192,5 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 3357,7 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 782 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «САТН», ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶСП «Бофандаи Норак» матоъҳои пахтагини рақобатпазир истеҳсол намуда, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолоти худӣ, аксари онҳо ҳамзамон ба хориҷи кишвар матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ содирот менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ, дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» истеҳсоли матои омехта (пахтагин ва полиэфирӣ), ҳамчунин рангубори он ба роҳ монда шудааст.

Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №49 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 377 «Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, боҷи гумрукӣ ба андозаи 10 % аз нахи пахтаи содиротӣ муқаррар карда шуд. Ин чораи саривақтӣ ва дастгирии корхонаҳои соҳаи ресандагӣ гардида, ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта дар дохил бекор карда шуд ва бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 % татбиқ гардид, ки ин ба болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат намуд.

–  матои атласу адрас 69,1 ҳазор метри мураббаъ истеҳсол шудааст;

– истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 203,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016 60 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 141,9 % таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ инчунин соҳибкорони инфиродӣ 1 млрд 81 млн 168 дона либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати соли гузашта 74 056 дона зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар назди ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Даҳбед-Д», ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба таври доимӣ нуқтаи намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардидааст.

Дар ин давра:

– корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи 25,9 млн. сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2016 8,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 147,5 % ташкил намудааст;

– корхонаҳои қолинбофӣ 2710,8 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд нисбат ба соли 2016 1019,6 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ (ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Нафиса» ва Фабрикаи ҷуроббофии «Наврӯз») дар маҷмуъ 3872 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2016 960  ҳазор ҷуфт зиёд буда, 80% -и он пурра ба содирот нигаронида шудааст;

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 797,8 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 169,0 % – ро ташкил дод ва ё 325,6 ҳазор ҷуфт зиёд;

– коркарди пӯсти чорво 433803,9 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 44 218,6 адад зиёд буда, суръати афзоиш 111,4 % – ро дар бар гирифт.

Бунёди марҳилаи дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори 86 ҳазор дулчаҳои (камераҳои) системаи ресандагии пневмоматикӣ оғоз гардида, дар мавриди ба истифодадиҳии он, ки моҳи августи соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, иқтидори коркарди нахи пахта иловатан 17 ҳазор тонна зиёд ва то 33 ҳазор тонна расонида мешавад.

Вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми коркарди пӯсти чорво, аз ҷониби ҶДММ «Сомон – Чарм» дар шаҳри Ваҳдат бо ҷалби сармояи дохилӣ ва бо иқтидори коркарди 700 дона пӯст дар як шабонарӯз ташкили корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар раванди татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, асосан занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба ҳолати 01.01.2018 дар 65 шаҳру ноҳияҳои кишвар 492 марказҳои таълимӣ–истеҳсолӣ ташкил гардида, дар онҳо 17213 нафар шаҳрвандон бахусус занону духтарон ба касбомўзї ҷалб гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2017 аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба маблағи 503,1 млн. сомонӣ ва бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунї ба хориҷи кишвар 1 601 млн сомонї маҳсулот аз ҷумла, ришта ва риштаи пахтагини рангкардашуда, матоъ, маҳсулоти дӯзандагӣ, маснуоти қолинӣ, пӯсти коркардшудаи вет-блю, нахи абрешим, нахи пахта ва ҷӯробҳо содирот гардидааст.

Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулотҳои дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ)  ҷӯробҳо, қолинҳо ва мебел муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Соли сипаригаштаи 2017 дар соҳаи саноати сабук ба маблағи зиёда аз 20,04 млн. сомонӣ таҷҳизотҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ба корхонаҳо ворид ва васлу насб карда шудааст.

Айни замон, дар соҳа бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» қабул гардида, мавриди иҷро қарор доранд ва ҷиҳати иҷрои барномаҳои болозикр тадбирандешӣ шуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол карда мешавад.

Соли 2017 дар соҳаи саноати сабук ва пахтатозакунӣ 49 адад корхонаю коргоҳҳо, ки дар асоси оиннома, шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва патент фаъолият менамоянд, сохта ба истифода дода шуда, дар онҳо 1911 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.

Натиҷаҳои соҳаи саноати сабук  дар соли 2017 бо ифодаи пулӣ ҳазор сомонӣ

Номгӯи соҳа декабри

с. 2017

с.2017 с.2016 +,-
1 Маҳсулоти дӯзандагӣ 20080,4 203065,5 143074,0 59991,5
2 Аз ҷумла либоси мактабӣ 230,1 41467,8 33910,9 7556,9
3 Истеҳсоли мебел 2440,4 25881,8 17548,6 8333,2
4 Маҳсулоти кешбофӣ 51,1 950,0 487,4 462,6

Натиҷаҳои соҳаи саноати сабук  дар соли 2017  (бо ифодаи аслӣ)

Номгӯи соҳа воҳиди ченак декабри

с. 2017

с.2017 с.2016  

+,-

1 Нахи пахта тонна 17507,7 112736,6 86996,3 25740,3
2 Газвори абрешимӣ ҳазор м2 1 12,6 0 12,6
3 Адрас ҳазор м2 9,9 56,5 0,1 56,4
4 Риштаи пахтагин тонна 1482,1 17195,2 8934 8261,2
5 Газвори пахтагин ҳазор м2 589,9 3357,7 2575,7 782
6 Матои нобофта ҳазор м2 125 938,2 766,5 171,7
7 Қолинҳо ҳазор м2 300,6 2710,8 1691,2 1019,6
8 Ҷӯробу пайпоқ ҳ.ҷуфт 20,3 1065,6 795,4 270,2
9 Ҷӯроби бачагона ҳ.ҷуфт 305,2 2806,4 2116,6 689,8
10 Либоси мактабӣ дона 174453 1081168 1007112 74056
11 Коркарди пӯст ҳ.дона 32,8 433,8 389,6 44,2
12 Чарм ҳ.дм2 0 2339,9 1629,5 710,4
13 Пойафзол ҳ. ҷуфт 50,5 797,8 472,2 325,6
14 Халта ҳ. дона 6031,3 41991,2 309,4 41681,8

Ҳаҷми истеҳсоли атлас ва адрас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2014 – 2017 (ҳазор м2)

hajmi-ist

Ҳаҷми истеҳсоли атласу    адрас дар муқоиса  ба  соли  2016 (ҳазор м2)

1212