Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

%d0%9a%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b5%d0%b3%d0%b8%d1%8f

12  январи  соли 2018 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Вазири Саноат ва Технологияҳои нав муҳтарам Шавкат Бобозода оѓоз намуда, маърӯзаҳо дар бораи «Натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои  соли 2018», “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Намоишгоҳи ҷумҳуриявии молҳои саноатӣ  Душанбе-2017” шунида, қайд карда шуд, ки корхонаю муассисаҳои саноатӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои рушди соҳаҳои алоҳидаи  саноат, ба натиҷаҳои мусбӣ муваффақ шуданд.

Дар баромади масъулини корхонаю муассисаҳо тадбирҳо оид ба рушди соҳаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистон, ҳарчӣ бештар таъмин намудани бозори дохилӣ бо молҳои истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ, камбудиҳо, сабабҳои ҷой доштани онҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳалталаб, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

img_0207