САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ

Нишондодҳои асосии соҳаи саноати хӯрокворӣ дар нимсолаи якуми соли 2018

9

Саноати хӯрокворӣ бинобар мавқеи калидӣ доштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, яке аз  самтҳои афзалиятноктарини сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

          Мақсади стратегии дар назди саноати хӯрокворӣ гузошташуда аз таъминоти устувор ва кафолатноки аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии бехатар ва дорои сифати баланд иборат мебошад.

хурок 3

Барои дастовард шудан ба  мақсадҳои гузошташуда, дар баробари татбиқи дигар чорабиниҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ба масъалаи баимзорасонии шартномаҳо бо сармоягузорони хориҷӣ оид ба воридоти хатҳои технологии пешқадам, ашёи хом ва  коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ, ки роҳбарияти ҷумҳуриро дар сафарҳои расмӣ  ба хориҷи кишвар  ҳамроҳӣ мекунанд, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки боиси афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ гардидааст.

Корхонаҳои саноати ҳуокворӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба маблағи 2112,0 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни ғизоии саноатӣ истеҳсол нумданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 38,1 миллион сомонӣ (101,8%) зиёд мебошад. Ҳиссаи саноати ҳуокворӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 20,3%-ро ташкил дод.

Дар ин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 25 номгӯи асосии маҳсулоти соҳа барзиёд таъмин гардида,  аз рӯи гуруҳи молҳои саноатӣ суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли 2017 дар сатҳи аз 100,2% то 1,6 маротиба қарор дорад

хуроквори

15