Ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар соли 2019

ангиштМувофиқи маълумоти оморӣ корхонаҳои истихроҷи ангишт 18  ададро ташкил дода, дар соли 2019 дар ҳаҷми 2 млн 27 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба соли 2018 121 ҳазор тонна зиёд буда,  дар таърихи соҳаи саноати ангишти кишвар баландтарин нишондиҳанда мебошад.

Аз 18 корхонаи соҳа, 11 корхона фаъолият намуда, 7 корхона бо сабаби тамдид нагардидани муҳлати амали иҷозатнома давоми 5 соли охир истихроҷии ангиштро қатъ намуданд.

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар корхонаҳои соҳа бо ҷалби техникаю таҷҳизотҳои ҳозиразамон тамоюли зиёдшавӣ дошта, 96,7 фоизи он ба 5 корхона, аз ҷумла 43,9 % ба КФ “Фон-Яғноб”, 20,3 % ба ҶДММ “Талко-Ресурс”, 19,8 % ба ДИА-и ҶДММ “КМТ”, 9,7 % ба КФ “Зиддӣ” ва 3,1 %, ба ҶСК “Ангишт”, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас доранд, рост меояд.

Фурӯши ангишт дар ин давра 1 млн 960 ҳазор тонна аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе  51,6 %, корхонаҳои саноатӣ 31,3 %, аҳолӣ 13,2 %, муассисаҳои буҷетӣ 3,0 % ва содирот 0,9 %-ро ташкил дод.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи тирамоҳу-зимистони солҳои 2019-2020 ин захира намудани 1 млн 100 ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе ва дегхонаи «Шарқӣ» буд.

Таҳвили умумии ангишт дар соли 2019 ба МБГ-2 шаҳри Душанбе 1 млн 11,4 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 189,1 ҳазор  тонна зиёд мебошад.

Ҳолати иҷрои таҳвили ангишт ба Маркази барқу гармидиҳии-2  ва захиракунонии он дар солҳои 2018-2019 нишон дод, ки новобаста аз мавҷуд будани захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти кони “Фон-Яғноб” иҷрои банди 3, зербанди 3.9-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» 92,0 фоиз таъмин карда шуд.

Захираи ангишт бо назардошти бақияи соли 2018 дар анборҳои корхонаҳои соҳаи  ангишт ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёда аз 440 ҳазор  тонна ташкил медиҳад.

Новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва техникӣ, корхонаҳои соҳаи ангишт иҷрои нақшаи истихроҷ, таъминот, корҳои қабаткушоӣ, омодасозӣ, нақбканӣ ва таъмиру барқароркуниро барзиёд таъмин намуданд.

Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар корхонаҳои соҳа ба 10 млн м3 расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 2,6 млн м3 зиёд мебошад. Коэффитсиенти корҳои қабаткушоӣ  дар корхонаҳои соҳа  ба 5,2 м3/тн баробар мебошад.

Ҳаҷми корҳои омодасозӣ, нақбканӣ ва таъмиру барқароркунӣ бошад ба 13558 м/тулонӣ (п/м) расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 182,4 % зиёд мебошад.

с

Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт, ҳарчи бештар ҷалб намудани маблағҳои сармояи ватанию хориҷӣ, ки механизми муҳимтарини амалишавии «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №435  қабул гардидааст, зарур дониста мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Консепсия заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Рафти иҷрои ҳадафи мазкур таҳти назоратӣ доимии роҳбарияти Вазорат ва корхонаҳои соҳа қарор дорад.

Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» 27,4 млн сомонӣ, ҶДММ “Талко-Ресурс” 14 млн сомонӣ, ҶДММ “Қудрат-2010” 4,2 млн сомонӣ, ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон» 2,6 млн сомонӣ, КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”1,6  млн сомонӣ ва  КФ “Зиддӣ” 1,2 млн сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 56,4 млн сомонӣ техникаҳои карерӣ ва таҷҳизот барои тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт  (аз ҷумла, 3 дастгоҳи нақбканӣ) харидорӣ карда шудааст. Маблағгузорӣ насбат ба соли 2018 12,2 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

ҷвҷ

Шумораи кормандон дар давраи ҳисоботӣ 1890 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 242 нафар зиёд гардидааст. Афзоиши шумораи кормандон хусусан аз ҳисоби корхонаи навтаъсиси ҶСК “Ангишти Камароб” ва воридоти техникаҳои карерӣ корхонаҳои дар боло зикргардида, ташкил ёфтааст.

Музди миёнат меҳнати кормандон 2102 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 180 сомонӣ зиёд гардидааст.

Новобаста аз пешравиҳо дар соҳа камбудиҳо аз ҷумла, дар самти риояи технологияи коркарди конҳо, “Дастурамали баҳисобгирии истихроҷ ва коркарди ангишт дар шахтаҳо ва бурришҳо”, баруйхатгирии воситаҳои асосӣ, қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, таъмини бехатарӣ ва нархгузории  ангишт ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, дар ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Вазорат ба ҳамаи корхонаҳои соҳа супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои рушди корхонаро барои соли 2020 бо назардошти ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта таҳия ва амалӣ намоянд.