ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Ҳисобот оид ба фаъолияти Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дар давоми 6-моҳи соли 2017

Аз ибтидои соли равон сар карда, ҷиҳати густариши муносибатҳои байналмилалӣ бо мақсади рушди бахшҳои саноати кишвар корҳои мушаххас анҷом дода шудаанд.

Санаи 20 январи соли 2017 вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фостер Гултомро бинобар ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо баргузор гардид, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди таҳкиму густариши бештари онҳо дар самтҳои мухталиф табодули назар карданд.

Санаи 27 январи соли 2017 дар доираи ҷаласаи 14 – уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикиситон ва Федератсияи Россия вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фродков Пётр Михайлович Директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Российский экспортный центр» баргузор гардид, ки масъалаҳои лоиҳаи муштарак оид ба маблағгузории рушди корхонаҳои саноати ангишт баррасӣ гардиданд.

Санаи 20-22 феврали соли 2017 дар шаҳри Ивановои Федератсияи Россия мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо роҳбарияти Ҳукумати вилояти Иваново, вохӯрӣ бо доираҳои соҳибкорон ва ташриф ба корхонаҳои пешқадами минтақа баргузор гардид.

Дар доираи сафар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Иваново Зобин С.В. баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масълаҳо доир ба интиқоли риштаи пахтагин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи саноати сабуки ду кишвар, таъсиси маркази хизматрасонӣ доир ба таъмири техникаҳои карерӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ворид намудани техникаҳои карерӣ ба соҳаи ангишти кишвар тавассути лизинг, омӯзиш ва таҷрибаомӯзии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Иваново, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ дар қаламрави кишвар баррасӣ шуданд. Дар мулоқот масъулини вилоят аз ҷумла роҳбари палатаи савдо ва саноат, раиси шӯрои ректорони донишгоҳҳои олӣ — ректори Донишгоҳи давлатии Иваново, директори генералии МГ «Кранекс» иштирок доштанд.

Санаи 18-20 апрели соли 2017 ҷаласаи якҷояи ҳайати шӯро, ҳайати мушовараи ҳарбӣ-саноатии комиссяи Федератсияи Россия ва намояндагони манфиатдори вазоратҳо, идораҳо ва корхонаҳоҳи манфиатдори комплекси саноати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, муовини Раиси шӯрои комиссияи машварати ҳарби-саноатии Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ дар доираи СААД Бочкарев Олег Иванович ва иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии СААД Семериков Валерий Анатолевич баргузор гардид.

Санаи 27-28 апрели соли 2017 дар якҷоягӣ бо Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба рушди саноатӣ (UNIDO) машварат дар мавзуъи «Мусоидат ба рушди фарогир ва устувори рушди саноатӣ дар шоҳроҳи иқтисодии Роҳи абрешими нав: истифодаи самараноки имкониятҳои паркҳо, минтақаҳо ва шаҳрҳои саноатӣ» баргузор гардид.

Санаи 26-майи соли 2017 аз ҷониби лоиҳаи UNIDO «Модернизатсиякунонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорат дар шаҳри Душанбе (меҳмонхонаи «Серена») намоиши коллексияҳои нави таҳияшуда пешниҳод гардида, натиҷаҳои бадастомадаи раванди амалишавии лоиҳаи мазкур ба намояндагони сохторҳои давлатӣ ва корпусҳои дипломатӣ муаррифӣ гардид.

Санаи 6-8 июни соли 2017 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи XV-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Рогозин Д.О. ва муовини Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Семериков В.А. баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иштирок намуданд.

Ҳамчунин, бо мақсади таҳким бахшидан ба рушди соҳаҳои саноат лоиҳаҳои Ёддошти тафоҳум бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуда, барои ба мувофиқа расонидан ба унвони ҷониби дигари имзокунанда тариқи роҳҳои дипломатӣ ирсол гардидааст.

  • «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва Технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат».
  • «Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия».