ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТ

 


Фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии зертобеи вазорат дар соли 201724092013

Дар зертобеияти вазорат шаш муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ — Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ — Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Ғизо” ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ва се муассисаҳои типпи нав, аз ҷумла ду литсейҳои инноватсионии “Душанбе” -и назди ДТТ ва “Кӯлоб”- и назди ДТМИ Кӯлоб,“Соҳибкор” — назди ДСХ фаъолият доранд.

image

Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2017-2018 зиёда аз 15434 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла раванди таълим дар 23 факулта аз рӯи 140 ихтисос аз ин 78 ихтисосро соҳаи техникию технологӣ ва 62 ихтисосро соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ташкил дода, дар 75 кафедра ба роҳ монда шудаанд, ки дар он 1398 нафар устодони ботаҷриба ва кормандон кору фаъолият доранд, аз ин 38 нафар докторони илм, 219 нафар номзадони илм дарс меомӯзанд ва ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғуланд. Соли таҳсили 2016-2017 3152 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр ва магистр муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро хатм намуда, барои дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кору фаъолият доранд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат ҳамасола мустаҳкам гардида, айни замон 56 синфхонаҳои компютерӣ бо 1918 адад компютерҳо мавриди истифода қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 синфхона ва 103 адад компютер зиёд аст.

Музди миёнаи маоши кормандони муассисаҳои таълимии марбут ба вазорат 1052 сомониро ташкил медиҳад ва 1751 нафар донишҷӯён аз 49 то 181 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд.

Донишҷӯёни гирандагони стипендияи Президентӣ 8 нафар буда, 189 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба малакаи зеҳнии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба раванди истеҳсолот дар назди паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ 15 адад коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, дар парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон истеҳсоли обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, макаронҳо, кефиру йёгуртҳои мевагӣ, навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои қаннодӣ, натқеъҳои растаниву гиёҳҳо ва меваю сабзавотҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳтиром ба либосу фарҳанги миллӣ Маркази “Муди тобон” фаъолият дорад, ки духтарон аз рӯи ихтисосҳои тарроҳ, дӯзандагӣ ва технолог касб меомӯзанд. Бо мақсади рушд додани фаъолияти эҷодӣ, корҳои ихтироъкорӣ, татбиқи маҳсулоти зеҳнии донишҷӯёни болаёқат, аспирантону унвонҷуён, омӯзгорони ҷавон ва докторантон дар назди донишгоҳ парки технологии “Фановар” таъсис дода шудааст.

uwk_tut_isfara_20151226-14-10-22_b

Дар парки технологии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара дар баробари тайёр намудани маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, консерва инчунин аввалин маротиба чароғаки роҳнамои рақамӣ истеҳсол ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Исфара харидорӣ ва мавриди амал қарор дода шуд.

Парки технологии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда коргоҳҳои истеҳсоли тушбера, маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, маснуоти заргарӣ ва маҳсулотҳои дӯзандагиро таъсис дода, донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба истеҳсолот фаро гирифта мешаванд.

Дар парки технологии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамбастагии илм бо истеҳсолот коргоҳҳои кулолгарию заргарӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди гулдузӣ, атласу адрасбофӣ дар заминаи Паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ Маркази омӯзиши истеҳсоли атласу адрасбофӣ таъсис гардид. Айни ҳол устодон ва мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ нозукии ин ҳунари аҷдодиро ба занону духтарон меомӯзонанд.

darhoi_kush

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмон, санаи 05.10.16 ба шаҳри Кӯлоб санги асоси биноҳои таълимӣ, хобгоҳу дигар иншоотҳои маишию фарҳангии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионй дар шаҳри Кӯлоб гузошта шуд ва лоиҳаи ангоравии он барои мувофиқа пешниҳод ва сохтмони онҳо оғоз гардида буд. Айни ҳол сохтмон идома дорад.

Айни ҳол дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон 7 лоиҳаи грантии Иттиҳоди Аврупо ва дигар мамолики хориҷ кор карда истодааст, ки дар тайёр намудани мутахассисони замони нав, дастрасии таҷҳизоти техникӣ ва бозомӯзии касбии омузгорон ва кормандони донишгоҳ нақши муҳимро мебозад.

Ҳамчунин, дар донишгоҳи мазкур Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон ва Маркази рушди касбият ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат амал менамояд, ки ба тақвияти рушди зеҳнии донишҷӯён ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ намудани хатмкунандагон машғул мебошад.

Донишгоҳ барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии навовариҳо, фаъолияти эҷодӣ, корҳои ихтирокорӣ як қатор корҳоро иҷро намуда дар натиҷа ду адад нахуст патент ба ихтироро ба даст овардааст.

Инчунин бо дастгирии КМ “Зарафшон” барои таъсиси озмоишгоҳи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок маҷмӯи таҷҳизотҳо ва аз ҷониби КВД “Металҳои нодири Ленинобод” 500 нусхаи китобҳо ва адабиётҳои тахассусӣ ба Донишкадаи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон такдим гардидааст.

Бо дастгирии молиявии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семенет” “Маркази рушди касбият” дар Донишкадаи соҳибкорй ва хизмат таъсис гардид, ки ҳадаф аз ин рушди касбомӯзӣ ва забономӯзии донишҷӯён мебошад.

Аз ҳисоби буҷаи давлат ба ду муассисаи илмии зертобеи вазорат 472674 сомонӣ аз ин барои Пажуҳишгоҳи илмӣ- татқиқотии ғизо бобати амалӣ намудани 2 лоиҳаи татқиқотӣ 344882 сомонӣ (Омӯзиши гизои рӯзмарраи маъюбон ва калонсолони бошандагони мактаб-интернатҳо ва хона- интернатҳои баъзе минтақаҳои ҶТ ва омӯзиши сифатнокии маводҳои хӯрока ва растаниҳои шифоӣ) ва барои Пажуҳишгоҳи саноат (таҳияи технологияи коркарди комплекси минерали алюминийдори мусковити кони Курговат («Помири Ғарбӣ») барои солҳои 2016-2020) 127792 сомонӣ ҷудо шуда, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Доир ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 боздиди донишҷӯёну устодони муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҶСК “Ҷунтай Данғара-Син силу текстил”, ҶММ “Криолит”, ҶСК “Комбинати шири шаҳри Кӯлоб” ва КМ “Апреловка” тавассути роҳи оҳан ва дигар воситаҳои нақлиёт доир гардид, ки ин сафарҳо бори дигар барои баланд бардоштани малакаю маҳорати саноатчиёни оянда мусоидат менамояд.

Шуъба ба фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу маърифати касбии устодону омӯзгорон, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ инчунин дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи саноат чораҷӯӣ менамояд.