ШЕРАЛӢ КАБИР
Аз 3 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 22 ноябри соли 1971
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1993 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски Федератсияи Россия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодчӣ-менеҷер
Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад? русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? нест
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не? Соли 2012 бо ордени «Шараф дараҷаи I» сарфароз гардонида шудааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1994 | Муовини директори ҷамъияти саҳомии «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1994-1998 | Ноиби Президент оид ба тиҷорати ҷамъияти саҳомии «Тенис», шаҳри Душанбе |
Солҳои 1998-2000 | Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2003 | Сардори раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2004 | Сардори раёсати ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2005 | Муовини раиси ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2015 | Муовини якуми директори корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2015-2020 | Раиси шӯрои директорони корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», шаҳри Турсунзода |
Аз 3 ноябри соли 2020 то имрӯз | Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |