НИЗОМНОМА ВА ДАСТУРАМАЛҲО

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 147

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149, аз 30.04.2016 № 191)

  1. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, фаъолияти худро дар самти пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои саноат, комплекси сӯзишворӣ ва рушди технологияҳои нав, аз ҷумла саноати мудофиавӣ, мошинсозӣ, коркарди металл ва химия, маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ анҷом медиҳад.
  2. Вазорат роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назоратро ба фаъолияти корхонаю муассисаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, анҷом медиҳад.
  3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
  4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
  5. ВАКОЛАТҲО
  6. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таҳти салоҳияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои саноатӣ қарор доранд, манзур менамояд;

– ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои тобеи он, ба ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври истисно тавассути қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

– иштироки бевосита дар ташаккул ва татбиқи стратегияи рушди комплекси саноатӣ, сӯзишворӣ ва саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банақшагирӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар асоси барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ;

– ташаккул ва татбиқи сиёсати илмию техникӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таълимӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ дар комплекси саноатӣ;

– пешбурди сиёсати ягонаи илмию техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар комплекси саноатӣ, инчунин анҷоми корҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, лоиҳакашӣ ва илмию техникӣ дар самтҳои афзалиятнок, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмию саноатӣ;

– таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодот вобаста ба нақшагирии технологияҳои нави барои иқтисодиёти миллӣ аҳамиятнок, такмили сохтори муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва лоиҳакашии системаи Вазорат ва сафарбар намудани онҳо ба иҷрои корҳои тадқиқотии марбут ба татбиқи технологияҳои нав;

– таъмини фаъолияти ҳамоҳанги ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ва танзими муносибатҳои байнисоҳавии мақомоти давлатӣ дар соҳаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат мансуб мебошанд;

– анҷом додани назорати техникии иншоотҳои сохташавандаи саноатӣ ва баҳодиҳии экспертӣ ба технологияҳои нави татбиқшаванда;

– таҳияи нақшаи байнисоҳавии рушди технологияҳои нави саноатӣ;

– баланд бардоштани сатҳи техникӣ ва технологии истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ;

– мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот;

– маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо, аз ҷумла бо маблағгузории буҷетӣ;

– мусоидат барои истеҳсоли маҳсулоти нав ва такмили сифати молҳои истеҳсолшаванда;

– мусоидат ба такмили фаъолият ва иҷрои самараноки корҳои озмоишию конструкторӣ дар бюроҳои таҷрибавию истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии соҳавӣ;

– мусоидат ба истеҳсоли намунаҳои озмоишию саноатии молу маҳсулот;

– фароҳам овардани шароити мусоид ба субъектҳои хоҷагидори саноатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои нави каммасраф ва ба идоракунии компютерӣ гузаронидани раванди технологии истеҳсолот;

– таҳияи пешниҳодҳо оид ба беҳгардонии фазои сармоягузорӣ вобаста ба татбиқи технологияҳои нав, пешниҳоди лоиҳаҳо ба мақомоти ҷумҳуриявии ваколатдор барои сармоягузорӣ ба корхонаҳои воридкунандаи технологияҳои нав;

– ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ дар самти таъсиси марказҳои техникию технологӣ ва паркҳои техникӣ, бо максади вусъат бахшидани раванди ҷорисозии технологияҳои пешқадам дар истеҳсолоти саноатӣ:

– мусоидат ба баланд бардоштани самарабахшии корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар бозор ва андешидани чораҳо оид ба ҷалби сармоя барои рушди саноат;

– баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашёи хом бо мақсади афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– иштирок дар муносибатҳои ҳамкории байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ вобаста ба мубодилаи технологияҳои нави саноатӣ;

– таҳия ва татбиқи консепсияҳо ва барномаҳои рушди комплекси саноатӣ ва сӯзишворӣ, иштирок дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;

– таҳлили маҷмӯии фаъолият ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия намудани дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва сӯзишворӣ, вобаста ба имконият бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркард дар минтақаҳои дорои ашёи хоми саноатӣ;

– анҷом додани роҳбарии методологӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои давлат, ҷиҳати таъмини бехатарии иншооти саноатӣ;

– таҳияи пешниҳодот оид ба мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои саноат, дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи иншооти саноатӣ;

– тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули бозори қоғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ;

– иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии корхонаҳо вобаста ба навсозии технологӣ, аз пардохти андози арзиши илова ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ;

– тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти таъиноти махсус, додани иҷозатнома ба намудҳои зерини фаъолият дар комплекси саноатӣ:

а) ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот аз пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

б) истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

в) истеҳсол, нигохдорӣ ва фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку;

г) коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр, холис кардани металлҳои қиматбаҳо, рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;

д) таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъданӣ, ғайримаъданӣ, ангишт, инчунин истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди онҳо;

е) истифодабарии сарватҳои зеризаминии маъмул;

ж) иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум аз металлҳои қиматбаҳо;

з) тибқи тартиби муқарраргардида эълон намудани озмун гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин;

– тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои шарту талаботи иҷозатнома ва риоя нагардидани онҳо;

– мусоидат ба самарабахшии корҳои иқтишофи геологӣ ва кӯҳкорӣ, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиши захираҳо оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, рангаю ороишӣ, кварсӣ, ангишт ва дигар ашёи рӯйкаш, металлҳои қиматбаҳо ва ранга дар доираи минтақаҳои кӯҳии ҷудошуда;

– мусоидат ба ташкил ва рушди фаъолияти лизингӣ дар комплекси саноатӣ ва сӯзишворӣ;

– таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани меъёрҳои техникӣ ва дигар талабот нисбат ба маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизот ва маводе, ки дар комплекси саноатӣ ва сӯзишворӣ истифода мегардад, тасдиқи меъёри баромади маҳсулоти тайёр, хароҷот ва талафоти ашё, масолеҳ, маводи такмилӣ ва ғайра ба ҳар як воҳиди маҳсулот;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ба амал баровардани қоидаҳо ва тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сифат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё маҳдуд сохтани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи стандарти давлатӣ мебошанд;

– дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳанг сохтани корҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти корхонаю муассисаҳои саноатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ;

– мусоидат ба фурӯш ва муомилоти молу маҳсулоти дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсолшуда, таъсиси марказҳои савдои яклухт ва чаканаи маҳсулот, шартномабандӣ оид ба содироту воридоти ашёи хом, мавод, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ;

– таъсис додани марказҳои таъминот ва хизматрасонии рушди саноат;

– кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ, анҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конюктураи бозор, рекламаи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;

– дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ташкил ва доир намудани намоишгоҳҳо мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон;

– роҳбарии намояндагиҳои Вазорат дар дохил ва бурун аз ҷумҳурӣ;

– мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси саноатӣ;

– ташкил ва амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва рафти ҳолатҳои фавқулодда дар комплекси саноатӣ;

– ташкил, ҳамоҳангсозӣ оид ба амалӣ намудани чорабиниҳо дар комплекси саноатӣ, ки ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ нигаронида шудаанд;

– иштирок дар ташаккул ва дар комплекси саноатӣ татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;

– иҷрои корҳо оид ба компютеркунонӣ, пешбурд ва ҳифзи маҳзани маълумот вобаста ба комплекси саноатӣ ва реестри иттилооти субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси саноатӣ;

– муқаррар намудани шартҳои созишномаҳои ҳамкории корхонаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотии системаи Вазорат дар самти таҳияи стандартҳо, шартҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрию техникӣ вобаста ба танзими истеҳсолот;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, истифодаи сарфакоронаи ашёи хом ва энергияи барқ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ;

– андешидани тадбирҳо оид ба ташкил ва такмили истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ;

– ташкили корҳо ва назорати таъмини истифодаи оқилонаи захирахои сӯзишворӣ, ашё, маҳсулот, маводи такмилӣ, дар истеҳсолот бештар аз худ намудани захираҳои моддӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ;

– таҳияи пешниҳодҳо ва иштирок дар дигаргунсозии иқтисодии саноати мудофиа дар заминаи ташкили инфрасохтори бозаргонӣ;

– таҳияи пешниҳодҳо барои тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои конверсияи корхонаҳои мудофиавӣ ва саноат, иштирок дар ташкил ва ҳифзи иқтидори захираҳои ҳарбӣ дар саноат ва комплекси сӯзишворӣ;

– тасдиқи тартиби ташаккул, ҳаҷм, шакл ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот барои пешбурди номгӯй маҷмӯии иттилооти комплекси саноати мудофиа, инчунин тартиби қабули қарор дар хусуси ворид намудани ташкилотҳо ба номгӯй ва хориҷ кардани онҳо аз номгӯй;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор тасдиқи номгӯи молрасонии мутақобилаи маводи махсуси такмилӣ ва захираҳои моддӣ барои истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва гражданӣ дар асоси муносибатҳои байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

– татбиқи тадбирҳо оид ба ташаккул ва таъсиси истеҳсолоти маҳсулоти фармоиши мудофиавӣ;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор таҳия ва тасдиқи дастурамал дар хусуси бақайдгирии намунаҳои маҳсулоти касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дорои хусусияти бадеӣ эътироф гардидаанд;

– содироти ашёи хом ва коркардшудаи маҳаллӣ ба хориҷи кишвар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– ба мақоми ваколатдор пешниҳод намудан муқаррарот оид ба тартиби анҷом додани назорати давлатии сифат ва безараргардонии молҳои истеъмолӣ;

– тасдиқи ҳуҷҷатҳои технологии меъёрию техникӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ;

– идоракунии фаъолият ва санҷишу таҳлили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии радиатсионӣ ва химиявӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор;

– таҳия ва татбиқи барномаи давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивии саноатӣ, тиббӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва партовҳои радиоактивие, ки дар вақти гузаронидани ин корҳо ба вуҷуд меоянд;

– ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– ҳамоҳангсозии корҳо доир ба сохтмон, баистифодадиҳӣ, азнавсозӣ, аз истифодабарории объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва пӯшонидани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан;

– ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– ташкил намудани фаъолият оид ба муайянкунӣ, ташкил ва дастгирии фаъолияти бефосилаи системаи ҳимояи ҷисмонии партовҳои радиоактивӣ, инчунин таъмин намудани назорат дар вақти ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, маҳфуздорӣ ва гӯронидани онҳо;

– муқаррар намудани реҷаи бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳо барои шаҳрвандоне, ки дар ин минтақаҳо зиндагӣ мекунанд;

– дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ, сохтмони маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр ва кӯтоҳумр;

– ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– таъмин намудани талаботи корхонаҳои коркардкунанда ба металлҳо ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ;

– мувофиқа ва назорати содироти металлу сангҳои қиматбаҳо, хокаву металлҳои ранга;

– муқаррар намудани тартиби пешбурд ва шакли намунавии китобҳои баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии шикастпораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

– муқаррар намудани тартиби пешниҳоди иттилоот оид ба манбаи ба даст овардани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз ҷониби супорандагони чунин шикастапораҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), инчунин истифодаи маҳсулоти дорои чунин металлҳо;

– муқаррар намудани тартиби коркарди шикастпораҳо ва партови металлҳои қиматбаҳо, сиёҳ ва ранга, инчунин меъёрҳои талафоти технологӣ ва партови коркард;

– пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолият оид ба ҷамъоварии шикастпораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риояи тартиби содироти шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин металлу сангҳои қиматбаҳо;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риояи маҳдудиятҳои меъёрӣ ба намудҳои шикастапораҳои металл, ки аз шахсони воқеӣ (супорандагони шикастпораҳо) қабул намудани онҳо манъ аст;

– назорати истифодаи маҳсулоти дорои металл ва партовҳои истеҳсолӣ, фаъолияти супорандагони шикастпора ва ҷамъоварандагони шикастапора;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян намудани дурнамо ва ба мувофиқа расонидани имкониятҳои бунёди корхонаҳои нави саноати коркард ва истихроҷ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

– дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор аз муомилот гирифта, ба коркарди такрорӣ супоридани молҳои аксизии бесифате, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва тамғаҳои аксизӣ надоранд;

– якҷоя бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истихроҷ, коркард, фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсолу муомилоти маҳсулоти заргарӣ;

– якҷоя бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъмини бехатарӣ, нигоҳдории металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз металлҳои қиматбаҳо истеҳсолшудаи тамоми сатҳи истеҳсолӣ;

– мониторинг ва тасдиқи лоиҳаҳои коркарди саноатии конҳои канданиҳои фоиданок ва партовҳои саноатӣ;

– тасдиқ намудани асосноккунии техникию иқтисодии азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

– мувофиқакунӣ ва назорати иҷрои нақшаҳои солонаи рушди корҳои кӯҳии корхонаҳои дорои иҷозатномаи истихроҷи ангишт, канданиҳои фоиданок ва фоиданоки маъмул;

– гузаронидани таҳлил ва тасдиқи ҳисоботи солонаи тарози захираҳои шакли 5 кг;

– мувофиқаи мавод дар хусуси аз тавозуни корхонаҳои дахлдор соқит кардани захираҳои ангишт, маъдан ва ғайримаъдании аҳамияти саноатиашонро гумкарда ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои минбаъдаи иктишофи геологӣ ё истихроҷи маъдан тасдиқнагардида;

– гузаронидани санҷиши раванди технологии истеҳсолот дар корхонаю муассисаҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ;

– анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя намудани стандартҳои муқарраргардида, меъёр ва қоидаҳои истихроҷу коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

– таҳвили металл ва сангҳои қиматбаҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо ва бастани қарордодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷойгиркунии фармоишҳои молрасонӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат;

– анҷом додани вазифаи ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои нигоҳдории Вазорат ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;

– ташкили қабули шаҳрвандон ва тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намудани баррасии саривақтии муроҷиати онҳо;

– дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

– таъмини омодагии сафарбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат;

– ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳо оид ба такмил, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;

– ҳамкорӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ бо хадамоте, ки таҳти тобеияти Вазорат қарор доранд, тариқи шарномаҳои дуҷонибаи басташуда;

– дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

  1. Вазорат бо мақсади татбиқи ваколат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

– тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат қарордошта заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

– тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

– дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;

– тибқи тартиби муқарраргардида дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;

– тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадхои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопӣ ва дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои тобеъ қарордошта воситаҳои ахбори омма таъсис диҳад;

– тибқи тартиби муқарраргардида дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва кормандони соҳаи мазкурро сарфароз гардонад.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

  1. Ба Вазорат Вазир, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

  1. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони Вазир мувофиқи вазифа ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, тасдиқ ва озод намудани аъзои ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Вазоратро мунтазам, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ дар ҷаласаҳои худ баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

  1. Вазир:

– байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

– низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи Вазоратро тасдиқ менамояд;

– кормандони дастгоҳи марказии Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– роҳбарони он корхонаҳо ва муассисаҳоеро, ки бастаи саҳмияашон ба давлат тааллуқ дорад ва идораи оперативии онҳо ба Вазорат вогузор гардидааст, тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– роҳбарони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;

– сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

– оинномаҳои корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;

– нақшаи кории ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

– ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

– тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки таҳти тобеияти Вазорат қарор доранд, пешниҳод манзур менамояд;

– ба зерсохторҳои системаи Вазорат супориш ва дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро зери назорат қарор медиҳад;

– қарорҳои корхонаю муассисаҳои тобеи Вазоратро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони корхонаю муассисаи тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

– бо пешниҳоди роҳбарони корхонаю муассисаи тобеи Вазорат муовинони онҳо ва роҳбарони бахшҳои асосиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва вобаста ба масъалаҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;

– тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

  1. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳру бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
  2. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: 734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ – 22.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 147

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати технологияҳои нав

Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Раёсати саноати ангишт

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Раёсати саноати маводи сохтмон

Раёсати саноати сабук ва пилла

Раёсати саноати хӯрокворӣ

Раёсати иқтисод ва дурнамо

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати муҳосиба ва корҳо

Шӯъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ

Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши корҳои махсус

Бахши кор бо кадрҳо

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти 2014, № 147

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 147

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Трансформатор”

Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ғалла”

Корхонаи воҳиди давлатии “Саноати гӯшту шир”

Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти Тоҷик”

Корхонаи воҳиди давлатии “Сементи Тоҷик”

Корхонаи воҳиди давлатии “Коргоҳи машинасозӣ”

Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Чароғ”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Нилуфар”

Корхонаи воҳиди давлатии “Садаф”

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр “Тоҷиказот”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Корхонаи кимиёвӣ”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Тамохуш”

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ҷамаст”

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Зарафшон”

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой”

Корхонаи воҳиди давлатии “Пилла”

Заводи “Пӯсти Данғара”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Қолинҳои Қайроққум”

Корхонаи хизмати маишии “Равшан”

Корхонаи хизмати маишии “Сапфир”

Корхонаи хизмати маишии “Элегант”

Корхонаи хизмати маишии “Ашт”

Корхонаи воҳиди “Содирот”

Корхонаи воҳиди “Легпромконтракт”

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, гимназияи “Кӯлоб”-и назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Литсеи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149)

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Гимназияи “Соҳибкор”-и назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат

Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии “Ғизо”

Корхонаи воҳиди давлатии “Зари Кӯлоб”

Идораи нақбкании Адрасмон (ИН Адрасмон)

Корхонаи давлатии фаръии “Шираи гандуми Исфара”

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамокубарори Душанбе”

Муассисаи давлатии маҷаллаи “Саноат ва технологияҳои нав”

Муассисаи давлатии “Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ” (қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 30.04.2016 № 191)

Муассисаи “Маркази ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”

Муассисаи “Маркази ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон”

Намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Мутобиқи моддаи  12  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади  иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013,  №12 “Дар бораи такмили  сохтори  мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти   давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаҳо  ва  муассисаҳои  системаи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
  2. Шумораи кормандони  дастгоҳи  марказии  Вазорати  саноат  ва технологияҳои  нави  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   95   воҳид   (бе   ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
  3. Дар ҳайати Вазорати саноат  ва  технологияҳои  нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Корхонаи  воҳиди  давлатии  “Ангишти  Тоҷик”  ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Саноат ва технологияҳои нав” таъсис дода шавад.
  4. Ба Вазири  саноат  ва  технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
  5. Барои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба  миқдори 4 воҳид муқаррар карда шавад.
  6. Маблағгузории дастгоҳи   марказии   Вазорати    саноат    ва технологияҳои  нави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар  маблағҳо  мувофиқи  тартиби  бо  Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.
  7. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дармӯҳлати се моҳ:

– доир ба ворид намудани  тағйиру  иловаҳо  ба  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

– санадҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

                      аз 3 марти соли 2014 № 147

                              ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 147

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ 

Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Вазорати саноат  ва  технологияҳои  нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд – Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия  буда,  фаъолияти худро  дар  самти  пешбурди  сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ  дар  соҳаҳои  саноат,  комплекси  сӯзишворӣ  ва  рушди технологияҳои  нав,  аз ҷумла саноати мудофиавӣ,  мошинсозӣ,  коркарди металл ва химия,  маъданҳои кӯҳӣ,  ангишт,  масолеҳи сохтмон,  саноати сабук ва хӯрокворӣ анҷом медиҳад.
  3. Вазорат роҳбарӣ,  ҳамоҳангсозӣ  ва  назоратро  ба   фаъолияти корхонаю муассисаҳои саноатӣ,  новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, анҷом медиҳад.
  4. Вазорат дар  фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  санадҳои  ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси   Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  фармонҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
  5. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ,мақомоти иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ,  муассисаҳои  илмӣ-тадқиқотӣ,  таълимоти  олии  касбӣ,  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  ва   дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
  6. ВАКОЛАТҲО
  7. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии хукуқӣ, ки дар соҳаи  муқарраргардидаи  фаъолият  таҳти салоҳияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои саноатӣ қарор доранд, манзур менамояд;

– ҷиҳати иҷрои Конститутсияи(Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон,қонунҳои  конститутсионӣ,  қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   фармонҳои Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   ва   қарорҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои  тобеи  он, ба ғайр аз масъалаҳое,  ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   қонунҳои   Ҷумҳурии   Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  таври  истисно  тавассути  қонунҳои  конститутсионӣ  ва қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом   дода мешавад;

– иштироки бевосита дар  ташаккул  ва  татбиқи  стратегияи  рушди комплекси   саноатӣ,   сӯзишворӣ   ва   саноати   мудофиавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  банақшагирӣ  ва  татбиқи  технологияҳои  нав  дар   асоси барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ;

– ташаккул  ва   татбиқи   сиёсати   илмию   техникӣ,   иқтисодӣ,сармоягузорӣ, таълимӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ дар комплекси саноатӣ;

– пешбурди   сиёсати   ягонаи   илмию   техникӣ,  технологӣ   ва инноватсионӣ  дар  комплекси  саноатӣ,  инчунин  анҷоми  корҳои  илмию тадқиқотӣ,  таълимӣ,  лоиҳакашӣ   ва   илмию   техникӣ   дар   самтҳои афзалиятнок, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмию саноатӣ;

– таҳия  ва  ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  манзур  намудани пешниҳодот  вобаста ба нақшагирии технологияҳои нави барои иқтисодиёти миллӣ аҳамиятнок, такмили сохтори муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва  лоиҳакашии  системаи  Вазорат  ва  сафарбар намудани онҳо ба иҷрои корҳои тадқиқотии марбут ба татбиқи технологияҳои нав;

– таъмини  фаъолияти  ҳамоҳанги  ташкилоту  корхонаҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ,  новобаста  аз  шакли  моликияташон,  ва  танзими муносибатҳои   байнисоҳавии   мақомоти  давлатӣ  дар  соҳаҳое,  ки  ба салоҳияти Вазорат мансуб мебошанд;

– анҷом  додани назорати техникии иншоотҳои сохташавандаи саноатӣ ва баҳодиҳии экспертӣ ба технологияҳои нави татбиқшаванда;

– таҳияи нақшаи байнисоҳавии рушди технологияхои нави саноатӣ;

– баланд бардоштани сатҳи техникӣ ва  технологии  истеҳсолот  дар корхонаҳои саноатӣ;

– мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот;

– маблағгузории  корҳои  илмию тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо, аз ҷумла бо маблағгузории буҷетӣ;

– мусоидат барои истеҳсоли маҳсулоти нав ва такмили сифати молҳои истеҳсолшаванда;

– мусоидат   ба  такмили  фаъолият  ва  иҷрои  самараноки  корҳои озмоишию конструкторӣ дар  бюроҳои  таҷрибавию  истеҳсолии  корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии соҳавӣ;

– мусоидат  ба  истеҳсоли  намунаҳои   озмоишию   саноатии   молу маҳсулот;

– фароҳам  овардани  шароити  мусоид  ба  субъектҳои   хоҷагидори саноатӣ  ҷиҳати  ҷорӣ  намудани  технологияҳои  нави  каммасраф  ва ба идоракунии компютерӣ гузаронидани раванди технологии истеҳсолот;

– таҳияи пешниҳодҳо оид ба беҳгардонии фазои сармоягузорӣ вобаста ба  татбиқи  технологияҳои  нав,   пешниҳоди   лоиҳаҳо   ба   мақомоти ҷумҳуриявии  ваколатдор барои сармоягузорӣ ба корхонаҳои воридкунандаи технологияҳои нав;

– ҳамкорӣ   бо   мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ,муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ  дар  самти  таъсиси  марказҳои техникию  технологӣ  ва  паркҳои техникӣ,  бо максади вусъат бахшидани раванди ҷорисозии технологияҳои пешқадам дар истеҳсолоти саноатӣ:

– мусоидат ба  баланд  бардоштани  самарабахшии  корҳо дар самти баланд бардоштани  рақобатпазирии  маҳсулоти  корхонаҳои  саноатӣ  дар бозор ва андешидани чораҳо оид ба ҷалби сармоя барои рушди саноат;

– баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашёи хом  бо  мақсади  афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– иштирок дар муносибатҳои  ҳамкории  байналмилалӣ  ва  робитаҳои иқтисодии хориҷӣ вобаста ба мубодилаи технологияҳои нави саноатӣ;

– таҳия ва татбиқи  консепсияҳо  ва  барномаҳои  рушди  комплекси саноатӣ  ва  сӯзишворӣ,  иштирок  дар  ташаккул  ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;

– таҳлили  маҷмӯии  фаъолият  ва  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  таҳия  намудани  дурнамои  рушди  соҳаҳои саноат  ва  сӯзишворӣ,  вобаста  ба  имконият  бунёди  корхонаҳои нави саноатӣ,  аз ҷумла корхонаҳои коркард дар минтақаҳои дорои  ашёи  хоми саноатӣ;

– анҷом  додани  роҳбарии  методологӣ,  ҳамоҳангсозии   фаъолияти корхонаҳои  саноатӣ  ва  дигар  ташкилотҳо  оид  ба  ҳимояи манфиатҳои давлат, ҷиҳати таъмини бехатарии иншооти саноатӣ;

– таҳияи  пешниҳодот  оид ба мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои саноат,  дастгирии рақобат дар  сохтмон,  барқарорсозӣ  ва истифодаи иншооти саноатӣ;

– тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва   хусусигардонии   моликияти  давлатӣ,  ташаккули  бозори  қоғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ;

– иштирок    дар   таҳияи   пешниҳодҳо   оид   ба   дастгирӣ   ва ҳавасмандгардонии давлатии корхонаҳо вобаста ба навсозии технологӣ, аз пардохти  андози  арзиши  илова ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида  иштирок  дар  танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти таъиноти махсус,  додани иҷозатнома ба намудҳои зерини фаъолият дар комплекси саноатӣ:

а) ҷамъоварӣ,  коркард  ва  фурӯши  маҳсулот  аз  пораву  партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

б) истеҳсол ва муомилоти  спирти  этилӣ,  машрубот  ва  маҳсулоти спиртдор;

в) истеҳсол,нигохдорӣ ва фурӯши  яклухт  ва  чаканаи  маҳсулоти тамоку;

г) коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр, холис кардани металлҳои қкиматбаҳо, рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;

д) таҳия   ва  пешниҳоди  ҳуҷҷатҳо  барои  гирифтани  иҷозатномаи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ  бо  мақсади  истихроҷи  канданиҳои фоиданоки маъданӣ,  ғайримаъданӣ,  ангишт, инчунин истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди онҳо;

е) истифодабарии сарватҳои зеризаминии маъмул;

ж) иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум аз металлҳои қиматбаҳо;

з) тибқи тартиби муқарраргардида эълон намудани  озмун  гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин;

– тибқи тартиби  пешбининамудаи  қонунгузорӣ  андешидани  чораҳои дахлдор  ҷиҳати  иҷрои  шарту  талаботи иҷозатнома ва риоя нагардидани онҳо;

– мусоидат  ба  самарабахшии  корҳои иқтишофи геологӣ ва кӯҳкорӣ,инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиши захираҳо оид ба истихроҷ ва коркарди  сангҳои қиматбаҳо,  рангаю ороишӣ,  кварсӣ,  ангишт ва дигар ашёи рӯйкаш,  металлҳои қиматбаҳо ва ранга дар доираи минтақаҳои кӯҳии ҷудошуда;

– мусоидат ба ташкил ва рушди  фаъолияти  лизингӣ  дар  комплекси саноатӣ ва сӯзишворӣ;

– таҳия,  ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби  муқарраргардида тасдиқ  намудани меъёрҳои техникӣ ва дигар талабот нисбат ба маҳсулоти саноатӣ,  таҷҳизот ва маводе,  ки дар комплекси саноатӣ  ва  сӯзишворӣ истифода мегардад, тасдиқи меъёри баромади маҳсулоти тайёр, хароҷот ва талафоти ашё,  масолеҳ,  маводи такмилӣ ва  ғайра  ба  ҳар  як  воҳиди маҳсулот;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ба амал баровардани  қоидаҳо ва   тавсияҳои   ташкилотҳои   байналмилалӣ  оид  ба  стандартизатсия,метрология ва сифат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

– дар ҳамкорӣ бо мақомоти  ваколатдор  қабули  қарор  дар  хусуси бекор  кардан,  таҷдиди  назар  намудан ё маҳдуд сохтани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои  меъёрии  техникӣ,  ки  хилофи  талаботи  стандарти  давлатӣ мебошанд;

– дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳанг сохтани  корҳо  оид ба   иҷрои   ӯҳдадориҳо  вобаста  ба  санадҳои  ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  марбут  ба  фаъолияти   корхонаю муассисаҳои  саноатӣ,  намояндагиҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар хориҷи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ;

– мусоидат  ба  фурӯш  ва муомилоти молу маҳсулоти дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсолшуда,  таъсиси  марказҳои  савдои  яклухт  ва  чаканаи маҳсулот,  шартномабандӣ  оид  ба  содироту воридоти ашёи хом,  мавод,таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ;

– таъсис додани марказҳои таъминот ва хизматрасонии рушди саноат;

– кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо  ва дигар ташкилотҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ,  анҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конъюктураи бозор,  рекламаи  маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;

– дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ташкил ва доир намудани намоишгоҳҳо мусоидат   ба   рушди   робитаҳои   мустақими   истеъмолкунандагон  бо истеҳсолкунандагон;

– роҳбарии намояндагиҳои Вазорат дар дохил ва бурун аз ҷумҳурӣ;

– мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои  молиявию  саноатӣ  ва сохторҳои  трансмиллӣ  бо  иштироки  корхонаҳо  ва  дигар  ташкилотҳои комплекси саноатӣ;

– ташкил  ва  амалӣ  намудани  тадбирҳо  оид  ба пешгирӣ ва рафти ҳолатҳои фавқулодда дар комплекси саноатӣ;

– ташкил,  ҳамоҳангсозӣ  оид  ба  амалӣ  намудани  чорабиниҳо дар комплекси саноатӣ, ки ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ,  таъмини  ҳифзи  сирри  давлатӣ  ва  дигар  иттилооти махфӣ нигаронида шудаанд;

– иштирок  дар  ташаккул ва дар комплекси саноатӣ татбиқ намудани сиёсати давлатӣ  дар  соҳаи  тайёр  кардани  мутахассисон,  омодасозӣ, бозомӯзӣ  ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо,  таъмини шуғл,  ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;

– иҷрои корҳо оид ба компютеркунонӣ,  пешбурд  ва  ҳифзи  маҳзани маълумот  вобаста ба комплекси саноатӣ ва реестри иттилооти субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси саноатӣ;

– муқаррар  намудани  шартҳои  созишномаҳои ҳамкории корхонаҳо бо муассисаҳои  илмию  тадқиқотии  системаи  Вазорат  дар  самти   таҳияи стандартҳо,  шартҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрию техникӣ вобаста ба танзими истеҳсолот;

– таҳия  ва  татбиқи барномаҳои соҳавӣ,  ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ,  баланд бардоштани рақобатпазирии  маҳсулот,  истифодаи сарфакоронаи  ашёи  хом  ва  энергияи  барқ  дар  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ;

– андешидани  тадбирҳо  оид  ба  ташкил  ва  такмили  истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ;

– ташкили  корҳо ва назорати таъмини истифодаи оқилонаи захирахои сӯзишворӣ, ашё, маҳсулот, маводи такмилӣ, дар истеҳсолот бештар аз худ намудани захираҳои моддӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ;

– таҳияи  пешниҳодҳо  ва  иштирок  дар  дигаргунсозии   иқтисодиисаноати мудофиа дар заминаи ташкили инфрасохтори бозаргонӣ;

– таҳияи  пешниҳодҳо  барои  тарҳрезӣ   ва   татбиқи   барномаҳои конверсияи корхонаҳои мудофиавӣ ва саноат, иштирок дар ташкил ва ҳифзи иқтидори захираҳои ҳарбӣ дар саноат ва комплекси сӯзишворӣ;

– тасдиқи  тартиби  ташаккул,  ҳаҷм,  шакл  ва  мӯҳлати пешниҳоди иттилоот барои пешбурди номгӯй  маҷмӯии  иттилооти  комплекси  саноати мудофиа,  инчунин  тартиби  қабули  қарор  дар  хусуси  ворид намудани ташкилотҳо ба номгӯй ва хориҷ кардани онҳо аз номгӯй;

– дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти ваколатдор тасдиқи номгӯи молрасонии мутақобилаи маводи махсуси такмилӣ ва захираҳои моддӣ барои  истеҳсоли маҳсулоти  таъиноти  ҳарбӣ  ва  гражданӣ  дар асоси муносибатҳои байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

– татбиқи   тадбирҳо  оид  ба  ташаккул  ва  таъсиси  истеҳсолоти маҳсулоти фармоиши мудофиавӣ;

– дар  ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор таҳия ва тасдиқи дастурамал дар хусуси  бақайдгирии  намунаҳои  маҳсулоти  касбу  ҳунарҳои  бадеии халқӣ, ки дорои хусусияти бадеӣ эътироф гардидаанд;

– содироти ашёи хом ва  коркардшудаи  маҳаллӣ  ба  хориҷи  кишвар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– ба мақоми ваколатдор пешниҳод намудан муқаррарот оид ба тартиби анҷом   додани  назорати  давлатии  сифат  ва  безараргардонии  молҳои истеъмолӣ;

– тасдиқи ҳуҷҷатҳои технологии меъёрию техникӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ;

– идоракунии  фаъолият  ва санҷишу таҳлили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  оид  ба  масъалаҳои  техникаи  бехатарӣ,  ҳифзи  муҳити  зист,бехатарии радиатсионӣ ва химиявӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор;

– таҳия ва татбиқи барномаи давлатӣ оид ба муомилот бо  партовҳои радиоактивӣ;

– ҳамоҳангсозии  корҳо  оид  ба  ҷамъоварӣ,   коркард,   интиқол,нигоҳдорӣ   ва   гӯронидани  партовҳои  радиоактивии  саноатӣ,  тиббӣ,муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва партовҳои радиоактивие,  ки  дар  вақти гузаронидани ин корҳо ба вуҷуд меоянд;

– ташкил  намудани  фаъолияти   корхонаҳои  махсусгардонидашудаи

муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– ҳамоҳангсозии корҳо доир ба сохтмон, баистифодадиҳӣ, азнавсозӣ,аз  истифодабарории  объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва пӯшонидани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан;

– ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

– ташкил намудани фаъолият оид ба муайянкунӣ, ташкил ва дастгирии фаъолияти бефосилаи системаи ҳимояи  ҷисмонии  партовҳои  радиоактивӣ,инчунин таъмин намудани назорат дар вақти ҷамъоварӣ, коркард, интиқол,маҳфуздорӣ ва гӯронидани онҳо;

– муқаррар   намудани   реҷаи  бехатарии  муомилот  бо  партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳо барои  шаҳрвандоне,  ки  дар  ин  минтақаҳо зиндагӣ мекунанд;

– дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ва мақомоти  худидоракунии  шаҳрак  ва  деҳот  қабул кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ, сохтмони маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр ва кӯтоҳумр;

– ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар  соҳаи  муомилот  бо партовҳои радиоактивӣ;

– таъмин намудани талаботи корхонаҳои коркардкунанда ба  металлҳо ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ;

– мувофиқа ва назорати содироти металлу сангҳои қиматбаҳо, хокаву металлҳои ранга;

– муқаррар намудани тартиби пешбурд ва шакли  намунавии  китобҳои баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии шикастпораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

– муқаррар  намудани  тартиби пешниҳоди иттилоот оид ба манбаи ба даст овардани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ  ва  ранга  аз ҷониби  супорандагони  чунин  шикастапораҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) инчунин истифодаи маҳсулоти дорои чунин металлҳо;

– муқаррар  намудани  тартиби  коркарди  шикастпораҳо  ва партови металлҳои  қиматбаҳо,  сиёҳ  ва  ранга,  инчунин   меъёрҳои   талафоти технологӣ ва партови коркард;

– пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолият  оид  ба ҷамъоварии шикастпораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

– андешидани  тадбирҳои  зарурӣ  ҷиҳати  риояи  тартиби  содироти шикастапораҳо  ва  партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга,  инчунин металлу сангҳои қиматбаҳо;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риояи маҳдудиятҳои меъёрӣ ба намудҳои шикастапораҳои металл,  ки аз  шахсони  воқеӣ  (супорандагони шикастпораҳо) қабул намудани онҳо манъ аст;

– назорати  истифодаи  маҳсулоти  дорои   металл   ва   партовҳои истеҳсолӣ,  фаъолияти  супорандагони  шикастпора  ва  ҷамъоварандагони шикастапора;

– дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян намудани дурнамо ва ба мувофиқа расонидани  имкониятҳои  бунёди корхонаҳои нави саноати коркард ва истихроҷ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

– дар  якҷоягӣ  бо  мақомоти  дахлдор  аз  муомилот  гирифта,  ба коркарди  такрорӣ  супоридани  молҳои  аксизии бесифате,  ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва тамғаҳои аксизӣ надоранд;

– якҷоя  бо  дигар  мақомоти  дахлдори  давлатӣ  татбиқи  сиёсати давлатӣ дар соҳаи истихроҷ,  коркард, фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсолу муомилоти маҳсулоти заргарӣ;

– якҷоя бо дигар  мақомоти  дахлдори  давлатӣ  таъмини  бехатарӣ,нигоҳдории   металлҳо  ва  сангҳои  қиматбаҳо,  инчунин  маҳсулоти  аз металлҳои қиматбаҳо истеҳсолшудаи тамоми сатҳи истеҳсолӣ;

– мониторинг   ва   тасдиқи  лоиҳаҳои  коркарди  саноатии  конҳои канданиҳои фоиданок ва партовҳои саноатӣ;

– тасдиқ  намудани  асосноккунии  техникию  иқтисодии  азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

– мувофиқакунӣ  ва  назорати  иҷрои нақшаҳои солонаи рушди корҳои кӯҳии  корхонаҳои  дорои  иҷозатномаи  истихроҷи  ангишт,   канданиҳои фоиданок ва фоиданоки маъмул;

– гузаронидани  таҳлил  ва  тасдиқи   ҳисоботи   солонаи   тарози захираҳои шакли 5 кг;

– мувофиқаи мавод дар хусуси аз тавозуни корхонаҳои дахлдор соқит кардани   захираҳои   ангишт,   маъдан   ва   ғайримаъдании   аҳамияти саноатиашонро гумкарда ва дар натиҷаи  гузаронидани  корҳои  минбаъдаи иктишофи геологӣ ё истихроҷи маъдан тасдиқнагардида;

– гузаронидани санҷиши раванди технологии истеҳсолот дар корхонаю муассисаҳои саноатӣ ва комплекси сӯзишворӣ;

– анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ  ва  воқеӣ  риоя намудани  стандартҳои  муқарраргардида,  меъёр  ва  қоидаҳои истихроҷу коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

– таҳвили  металл ва сангҳои қиматбаҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ  гардондани  захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо  ва  бастани қарордодҳои  давлатӣ  ҷиҳати  ҷойгиркунии фармоишҳои молрасонӣ,  иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат;

– анҷом  додани  вазифаи  ихтиёрдори  асосӣ ва гирандаи маблағҳои Буҷети давлатӣ,  ки барои нигоҳдории Вазорат  ва  иҷрои  вазифаҳои  ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;

– ташкили қабули  шаҳрвандон  ва  тибқи  тартиби  муқарраргардида таъмин намудани баррасии саривақтии муроҷиати онҳо;

– дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи маълумоти  дорои сирри давлатӣ;

– таъмини омодагии сафарбарӣ,  назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат;

– ташкили омодагии касбии кормандони  Вазорат,  бозомӯзӣ,  баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом  додани  корҳо оид ба такмил,  нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;

– ҳамкорӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ бо хадамоте, ки таҳти

тобеияти Вазорат қарор доранд, тариқи шарномаҳои дуҷонибаи басташуда;

– дар   соҳаи   муқарраргардидаи   фаъолият  анҷом  додани  дигар вазифаҳое,  ки  қонун  ва  дигар  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

  1. Вазорат бо мақсади татбиқи ваколат дар соҳаи  муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

– тибқи тартиби  муқарраргардида  маълумотеро,  ки  барои  қабули қарор   вобаста  ба  масъалаҳои  таҳти  салоҳияти  Вазорат  қарордошта заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида  барои  ҳалли  масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

– дар  соҳаи  муқарраргардидаи  фаъолият  мақомоти   ҳамоҳангсоз, машваратӣ  ва  экспертӣ,  аз  ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо,  комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида  дар  дохил ва берун аз ҷумҳурӣ намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида барои интишори санадхои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои  соҳаи  муқарраргардидаи  фаъолият,  эълонҳои расмӣ,  чопӣ  ва дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои тобеъ қарордошта воситаҳои ахбори омма  таъсис диҳад;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида  дар   соҳаи   муқарраргардидаи фаъолият  нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва кормандони соҳаи мазкурро сарфароз гардонад.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

  1. Ба Вазорат Вазир, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба  зиммаи  Вазорат  гузошташуда  вататбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин  ва  аз  вазифа озод карда мешаванд.

  1. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир  (раиси  ҳайати  мушовара),  муовинони  Вазир мувофиқи вазифа ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара  таъсис  дода мешавад.  Шумораи  аъзои  ҳайати  мушовараи  Вазорат,  тасдиқ  ва озод намудани аъзои ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз  ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти  Вазоратро мунтазам,  вале  на камтар аз як маротиба дар се моҳ дар ҷаласаҳои худ баррасӣ менамояд.  Қарорҳои ҳайати  мушовара  дар  шакли  протокол  ба расмият  дароварда  шуда,  бо  фармоишҳои  Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

  1. Вазир:

– байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

– низомномаҳои  воҳидҳои  сохтории  дастгоҳи  марказии Вазорат ва мақомоти тобеи Вазоратро тасдиқ менамояд;

– кормандони  дастгоҳи  марказии  Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– роҳбарони  он корхонаҳо ва муассисаҳоеро,  ки бастаи саҳмияашон ба давлат тааллуқ дорад ва идораи оперативии онҳо ба  Вазорат  вогузор гардидааст, тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– роҳбарони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– тибқи  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;

– сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи  фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон,  ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  намудааст,  сметаи  ягонаи  даромад  ва  хароҷоти Вазоратро  дар  доираи  маблағҳои  барои  давраи  дахлдор  дар  буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

– оинномаҳои  корхонаҳо  ва  муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;

– нақшаи  кории  ҳарсола  ва  нишондиҳандаҳои  дурнамои фаъолияти корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат,  инчунин ҳисобот оид  ба  иҷрои фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

– ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули  буҷети ҷумҳуриявӣ  дар  қисми  таъмини  молиявии  фаъолияти  Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

– ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  лоиҳаҳои  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис,  азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ,  ки  таҳти  тобеияти  Вазорат  қарор доранд,  пешниҳод манзур менамояд;

– ба зерсохторҳои системаи Вазорат супориш ва дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро зери назорат қарор медиҳад;

– қарорҳои   корхонаю  муассисаҳои  тобеи  Вазоратро,  ки  хилофи қонунгузорӣ мебошанд,  агар қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба  вазифа  таъин  ва  аз вазифа  озод  намудани  роҳбарони  корхонаю  муассисаи  тобеи  Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

– бо   пешниҳоди   роҳбарони  корхонаю  муассисаи  тобеи  Вазорат муовинони онҳо ва роҳбарони бахшҳои асосиро  ба  вазифа  таъин  ва  аз вазифа озод менамояд;

– фармоишҳои дорои хусусияти  меъёрӣ  ва  вобаста  ба  масъалаҳои оперативӣ  ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;

– тибқи  тартиби  муқарраргардида  кормандони  дастгоҳи  марказии Вазорат, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки  дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд,  барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

  1. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда,  дорои  мӯҳр  бо  тасвири  Нишони давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  сабти  номи  худ,  мӯҳру  бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида  мебошад  ва  аз  суратҳисоби  ягонаи Сарраёсати  Хазинадории  марказии  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
  2. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: 734012,  Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ – 22.

   Бо қарори                       

                                 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                            аз 3 марти соли 2014, № 147

                                   тасдиқ шудааст

                               Сохтори

          дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои

                       нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати технологияҳои нав

Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Раёсати саноати ангишт

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Раёсати саноати маводи сохтмон

Раёсати саноати сабук ва пилла

Раёсати саноати хӯрокворӣ

Раёсати иқтисод ва дурнамо

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати муҳосиба ва корҳо

Шӯъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ

Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши корҳои махсус

Бахши кор бо кадрҳо

                                              Бо қарори Ҳукумати

                                              Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                               аз 3 марти 2014, № 147

                                                тасдиқ шудааст

Нақшаи

идоракунии Вазорати саноат ва технологияҳои нави

Ҷумҳурии Тоҷикистон

                            Дастгоҳи марказӣ

                                                Бо қарори Ҳукумати

                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                          аз 3 марти соли 2014, № 147

                                                  тасдиқ шудааст

Номгӯи

корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Трансформатор”

Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ғалла”

Корхонаи воҳиди давлатии “Саноати гӯшту шир”

Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти Тоҷик”

Корхонаи воҳиди давлатии “Сементи Тоҷик”

Корхонаи воҳиди давлатии “Коргоҳи машинасозӣ”

Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Чароғ”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Нилуфар”

Корхонаи воҳиди давлатии “Садаф”

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр “Тоҷиказот”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Корхонаи кимиёвӣ”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Тамохуш”

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки   Тоҷикистону Канада “Апрелевка”

Корхонаи воҳиди давлатии “Ҷамаст”

Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Зарафшон”

Ҷамъияти дорои   масъулияти  маҳдуди  “Ширкати  кӯҳӣ  – саноатии Тоҷикистону Хитой”

Корхонаи воҳиди давлатии “Пилла”

Заводи “Пӯсти Данғара”

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Қолинҳои Қайроққум”

Корхонаи хизмати маишии “Равшан”

Корхонаи хизмати маишии “Сапфир”

Корхонаи хизмати маишии “Элегант”

Корхонаи хизмати маишии “Ашт”

Корхонаи воҳиди “Содирот”

Корхонаи воҳиди “Легпромконтракт”

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои  Кӯлоб ва Исфара, Гимназияи “Кӯлоб”-и назди филиали

Донишгоҳи технологии   Тоҷикистон   дар   шаҳри   Кӯлоб,

Литсеи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Донишкадаи соҳибкорӣ  ва  хизмат  ва Гимназияи “Соҳибкор”-и назди

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Муассисаи давлатии  Коллеҷи  кӯҳии  ба номи С.  Юсупова дар назди   Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат

Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии “Ғизо”

Корхонаи воҳиди давлатии “Зари Кӯлоб”

Идораи нақбкании Адрасмон (ИН Адрасмон)

Корхонаи давлатии фаръии “Шираи гандуми Исфара”

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамокубарори Душанбе”

Муассисаи давлатии маҷаллаи “Саноат ва технологияҳои нав”

Муассисаи “Маркази ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва  Технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”

Муассисаи “Маркази ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва   Технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон”