ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
№ | Мансабҳои холӣ | Музди маош
(бо сомонӣ) |
1. | сардори раёсати технологияҳои нав | 2392,20 |
2. | сардори раёсати саноати сабук ва пилла | 2392,20 |
3. | муовини сардори раёсати технологияҳои нав | 1965,60 |
4. | мудири бахши котибот | 1323,00 |
5. | сармутахассиси раёсати саноати хӯрокворӣ | 1200,00 |
6. | сармутахассиси раёсати саноати сабук ва пилла (2 басти холӣ) | 1200,00 |
7. | мутахассиси пешбари раёсати технологияҳои нав | 804,00 |
8. | мутахассиси пешбари раёсати саноати сабук ва пилла (2 басти холӣ) | 978,00 |
9. | мутахассиси пешбари раёсати муҳосиба ва корҳо | 978,00 |
10. | мутахассиси пешбари раёсати саноати маводи сохтмон | 978,00 |
11. | мутахассиси раёсати саноати сабук ва пилла | 804,00 |
ТАЛАБОТ БА ДОВТАЛАБОН:
Сардори раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Муовини сардори раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Мудири бахш: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Сармутахассис: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Мутахассиси пешбар: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Мутахассис: таҳсилоти олӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо:
– ариза шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
– варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3/4);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи билети ҳарбӣ;
Донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба хадамоти кадрҳои вазорат бо нишонии хиёбони Рӯдакӣ – 22 супоранд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.