ФОРУМ

Эълон: Намоиш – фурӯши либоси мактабӣ аз санаи 10 то 30 августи соли 2018 баргузор мегардад!

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон Суғд ва шаҳри Душанбе хоҳишмандонро ба Намоиш – фурӯши либоси мактабӣ, ки рӯзҳои 10 то 30 августи соли ҷорӣ дар назди ҶДММ «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ “Кооператор”-и шаҳри Кӯлоб,  “Каёнуш” –и ноҳияи Данғара, “Коргоҳи дӯзандагӣ”-и шаҳри Бохтар, китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри  Хуҷанд ва ҶДММ «Даҳбед»-и  шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, даъват менамоянд.

2

Хоҳишмандон метавонанд либосҳои мактабиро аз корхонаҳои ватанӣ барои фарзандони хеш харидорӣ намуда, ба ин васила саҳми худро дар раванди саноатикунонии мамлакат гузоранд.

Марҳабо, ба Намоишгоҳи либоси мактабии  «Интихоби ман-маҳсулоти ватанӣ»