ВАЗОРАТ

МАЪЛУМОТИ ТАЪРИХӢ

Мутобиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006  № 9 «Оид ба беҳтар намудани сохтори мақомоти иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати энергетика ва Вазорати саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда, Вазорати Энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 12 аз 19 ноябри соли 2013 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода, Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамагуна функсияҳое, ки ба саноат робита доранд ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шудааст.


Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Роҳбарият
-Раёсати технологияҳои нав
-Раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қимматбаҳо
-Раёсати саноати ангишт
-Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия
-Раёсати саноати маводи сохтмон
-Раёсати саноати сабук ва пилла
-Раёсати саноати хӯрокворӣ
-Раёсати иқтисод ва дурнамо
-Раёсати иҷозатномадиҳӣ
-Раёсати муҳосиба ва корҳо
-Шуъбаи муассисаҳои таълимӣ
-Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
-Бахши ҳуқуқ
-Бахши корҳои махсус
-Бахши кор бо кадрҳо