АБДУЛНАЗАРОВ ФИРӮЗ АМНИЯТОВИЧ
Cардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 феврали соли 1978 шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, тоҷик , маълумоташ олӣ. Соли 2000 филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1995 -2000- | Донишҷӯи филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Хӯҷанд |
Солҳои 2000 -2003- | Муҳандиси шӯъбаи алоқаҳои хориҷӣ ва таъминоти маводию техникии Иттиҳодияи истеҳсолии «Ленинободнефтегаз», шаҳраки Нефтеобод |
Солҳои 2003- 2004- | Муҳандиси шӯъбаи таъминоти маводи техникии Корхонаи муштараки масъулияти маҳдуди «Бадахшонроҳ интернейшнал», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2006- | Сардори бахши метрология, стандартикунонӣ, ҳифзи меҳнат ва экологияи Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006- 2007- | Сармутахассиси шуъбаи татбиқи илм ва технологияи Раёсати истеҳсолӣ ва илмию техникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2010- | Мутахассиси пешбари Раёсати саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2010 -2014- | Сармутахассиси Раёсати саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Аз марти соли 2014 то ҳоло- | Сардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |