Раёсати масолеҳи сохтмон

%d2%b7ИБРОҲИМОВ ШАМСИДДИН ПИРИЕВИЧ

Сардори Раёсати саноати  маводи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 августи соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст,  тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1991 Донишкадаи  хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм  намудааст.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ:

Солҳои  1982 – 1984- Колхозчии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Восеъ
Солҳои  1984 – 1986- Донишҷӯи Донишкадаи  хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои  1986 – 1988- Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Солҳои  1988 – 1991- Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои  1991 – 1992- Таъмирчии дараҷаи 4 дар Корхонаи пунбаи Восеъ
Солҳои  1992 – 1993- Муҳандиси истеҳсоли техникӣ, таъмирчии дараҷаи 4 дар заводи пахтатозакунии Восеъ
Солҳои  1993 – 1994- Мудири мағозаи Корхонаи пунбаи Восеъ
Солҳои  1994 – 1996- Васлгари корхонаи пунбаи Иттиҳодияи пахтатозакунии Восеъ
Солҳои  1997 – 1998- Сармуҳандиси заводи ғишти Иттиҳодияи заводҳои ғишти шаҳри Душанбе
Солҳои 1998 – 2000 – Директори заводи ғишти Иттиҳодияи заводҳои ғишти шаҳри Душанбе
Солҳои  2000 – 2002- Мутахассиси пешбари Раёсати истеҳсолии техникии Корпоратсияи маводи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2002 – 2003- Мутахассиси пешбари шӯъбаи масолеҳи сохтмонии резанда, часпанда, қубурҳои асбестӣ ва коркарди чӯбу тахтаи Департаменти саноати маводи сохтмони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
01 – 09 соли 2003- Сардори шӯъбаи масолеҳи сохтмонии резанда, часпанда, қубурҳои асбестӣ ва коркарди чӯбу тахтаи Департаменти саноати маводи сохтмони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
06 – 09 соли 2003- Мутахассиси дараҷаи 2 шӯъбаи нақлётии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Транс Ариан», шаҳри Душанбе
Солҳои 2003 – 2004- Директори Ҷамъияти масъулияти маҳдуд «Юнитранс», шаҳри Душанбе
04 – 05 соли 2004- Сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Сурхоб», шаҳри Душанбе
05 – 12 соли 2004- Сармутахассиси шӯъбаи масолеҳи деворӣ, рӯйкаш ва бомпӯши Департаменти саноати маводи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2006 – 2007- Мутахассиси пешбари Раёсати саноати маводи сохтмони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007 – 2010- Сармутахассиси Раёсати маводи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2010 – 2011- Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати маводи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2014 – Сардори Раёсати маводи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз марти соли 2014 то ҳоло – Сардори Раёсати саноати маводи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе