АБДУРАҲИМЗОДА БАҲРИДДИН АЗИЗ
Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 августи соли 1972 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ( рӯзона), соли 2008 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ:
Солҳои 1990 – 1995 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1995 – 1996 | Устои калони корхона оиди истеҳсол ва коркарди масолеҳи бинокории ғайримаъданӣ дар Идораи сохтмонии шаҳри Навоии Ҷумҳурии Узбекистон |
Солҳои 1996 – 1998 | Сардори сех оид ба истеҳсол ва коркарди масолеҳи бинокории ғайримаъданӣ дар Идораи сохтмонии шаҳри Навоии Ҷумҳурии Узбекистон |
Солҳои 1998 – 1999 | Муҳандис-таъминотчии кооперативи «Оромӣ»-и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1999 – 1999 | Мутахассиси пешбари Раёсати кимиёю металлургӣ ва коркарди саноати кӯҳии Кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1999 – 2001- | Мутахассиси пешбари шӯъбаи ангишти Кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001 – 2002 | Муовини сардори Департаменти саноати ангишт ва намудҳои алтернативии неруи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2002 – 2004 | Ёрдамчии Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004 – 2006 | Мушовири Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006 – 2007 | Муовини сардори Департаменти истихроҷи нафт, газ ва ангишти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Соли 2007 -2012 | Сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва намудҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012 -2014 | Сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Аз марти соли 2014 то ҳоло- | Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |