Масолеҳи сохтмони


Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2017

sement-mohir

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истоданд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Соли 2017 ба маблаѓи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 403,0 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 122,6 %-ро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо ба 486 адад, ҷойҳои корӣ 9595 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1230 сомонӣ баробар шудааст.

m1

Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 3,1 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 244,0 миллион дона, гаҷкартон 1,5 миллион дона, гаҷ 43,0 ҳазор тонна, шифер 301,0  ҳазор дона расидааст.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 31,0 %, “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 29,0 % ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24,0 % назаррас мебошад.

m2

Дар ин давра 1,0 миллиону 22,0 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Афғонистон 657,9 ҳазор тонна, Узбекистон 249,1 ҳазор тонна ва Қирғизистон 115,5 ҳазор тонна содир гардидааст. Дар содироти семент саҳми ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 33,9 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29,5 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 27,5 %, “Тоҷ Чайна 2013”  шаҳри Ваҳдат 6,5 % ва “Сементи Рушди Хатлон”-и шаҳри Сарбанд 2,4 % мебошад. Воридоти семент бошад, дар соли ҷорӣ 43,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 1,5 миллион дона баробар шудааст, ки назар ба соли гузашта 1,2 миллион дона зиёд аст. Аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  74,0 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 792,0 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  содир карда шудааст.

m3

m4

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти ивази воридот ва ба содирот нигаронидашуда аз қабили гаҷкартон, ротбанд ва хишти сабук ба роҳ монда шуд.

 

m5 m7 m6

Соли 2018 бунёди корхонаи истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иқтидори 15,0 ҳазор тонна, истеҳсоли тол дар ноҳияи Дустӣ бо иқтидори 900,0 ҳазор метри мукааб бо таъсиси 145 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардидааст.

m8 m9