КОРХОНАҲОИ СОҲА

ҶДММ КМ «Зарафшон»

1 Номи корхона ҶДММ КМ «Зарафшон»
2 Суроға Вилояти Суғд, ш. Панҷакент, шаҳраки Суғдиён  735512
3 Маҳсулоти истеҳсолшаванда Тилло, нуқра ва хокаи мис
4 Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 5,5 млн.тн
5 Манбаъи ашёи хом Конҳои «Тарор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпи»

 Дар охири соли 1992 дар навбати аввали фабрикаи Комбинати тилло, оид ба истихроҷ ва коркарди маъдан   бо иқтидори коркарди 250 ҳаз. тонна  маъдан дар як сол ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи сохтмони навбати дуюми он иқтидори солона то 500 ҳаз. тонна зиёд карда шуд (ду хати технологӣ).

27 августи соли 2008 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Хитоии «Корпоратсияи саҳомии саноатии кӯҳии Сызин Лимитед Со., LTD» ба имзо расонида шуд.

Мақсад аз ба имзо расонидани  Ёддошти тафоҳум ин мусоидат намудан ба рушди «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҷиҳати таҷдид ва азнавсозии он, афзун намудани истеҳсоли металлҳои қимматбаҳою ранга дар  ҷумҳурӣ мебошад, ки дар натиҷаи он аз тарафи ҶДММ КМ «Зарафшон» иқтидорҳои иловагии зерин:

— сехи оҳакбарории иқтидораш 10 000 тонна дар як сол;

— сехи ба навъҳо ҷудокунанда — майдакунанда бо иқтидори 10000 тонна маъдан дар як шабонарӯз,

— майдони ишқоронидани ғарам, масоҳаташ 35000 м2 барои коркарди на камтар аз 2,5 млн. тонна маъданҳои камфайз дар 1 сол;

— фабрикаи ғанигардонии маъдан бо иқтидори 2000 тн маъдан дар як шабонарӯз;

— коргоҳи холискории тилло ва нуқра сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.


ҶМ ТК ММ «Апрелевка»

1 Номи корхона ҶМ ТК ММ «Апрелевка»
2 Суроға Вилояти Суғд, ш.Қайроққум, шаҳраки Консой 735750
3 Маҳсулоти истеҳсолшаванда Тилло ва нуқра
4 Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 313,2 ҳаз.тонна
5 Манбаъи ашёи хом Конҳои «Апрелевка», «Бургунда», «Қизил-Чеку» ва «Иккижелон»

ҶМ ТК ММ «Апрелевка» «Апрелевка» дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Консойи Вилояти Суғд ҷой гирифтааст.

Моҳи июли соли 1985 дар заминаи Корхонаи бойгардонии Консой ва чор кони асосии тилло («Апрелевка», «Бургунда», «Қизил-чеку», «Иккиҷелон») идораи маъдани Қайроққум, дар ҳайати Корхонаи коркарди (КК) тилло «Тоҷиктилло» таъсис дода шуд.

Ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, кам кардани ҳисораи металлҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ ҶМ ТК ММ «Апрелевка» — ро дар пояи Идораи маъдани Қайроққум таъсис намуд, ки ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғул мебошад.


ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»

1 Номи корхона ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»
2 Суроға Вилояти Суғд, ш. Гулистон, шаҳраки Зарнисор 735770
3 Маҳсулоти истеҳсолшаванда хоқаи сурб, руҳ ва мис
4 Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 3,0 млн. тн
5 Манбаъи ашёи хом конҳои «Зарнисор», «Пай-Булоқ» ва «Зарнисори шимолӣ»

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи «Идораи маъдани Олтин-Топкан» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»  таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ширкати нави таъсисдодашуда корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд.

Корхона корҳоро дар барқарорсозии конҳо, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обанбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуд.

Айни замон фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди 3,0 млн. тн маъдан дар як сол сохта шуда, фаъолият намуда истодааст.

Дар баробари истеҳсоли хокаи сурбу руҳ, аз тарафи корхона дар соли 2013 истеҳсоли хокаи мис ва шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2017 истеҳсоли сурби металлӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади рушд ва эътирофи манфиатҳои судманди ҷонибҳо, дар моҳи сентябри соли 2014 ҳангоми ташрифи расмии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Цзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширкати байналмилалӣ Тачен оид ба захираҳои СУАР»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой», ба имзо расонида шуд.

Мақсади ба имзо расонидани санади мазкур, ин ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.


 ҶДММ КМ ТА «Анзоб»

1 Номи корхона ҶДММ КМ ТА «Анзоб»
2 Суроға Вилояти Суғд, н.Айнӣ, шаҳраки Зарафшон 735528
3 Маҳсулоти истеҳсолшаванда хокаи сурма
4 Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 420,0 ҳаз.тн
5 Манбаъи ашёи хом кони сурмаи «Ҷиҷикруд»

          ҶДММ «Анзоб» дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир буда, истифодабарандаи кони сурмаи «Ҷиҷикруд» мебошад.

ҶДММ КМ ТА «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди кони сурмаву-симоби «Ҷиҷикруд»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд машғул буда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҶСШК «Анзоб» бо Ширкати америкоии «Комсап» корхонаи муштарак таъсис дода шудааст.

Ширкати «Комсап» баъди ба қайд гирифтани корхонаи мазкур ба маблағгузории лоиҳа аз рӯи Барномаи инвеститсионӣ шурӯъ кардааст ва бо мақсади реконструктсия ва барқарорсозии истеҳсолоти корхона дар муддати кӯтоҳтарин таҷҳизот ва технологияи нав харидорӣ намудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани давраи якуми барнома – реконструктсияи иқтидорҳои мавҷудаи истихроҷ ва коркарди маъдан аз ҳисоби сармоягузории Ширкати «Комсап» дар ҳаҷми умумӣ зиёда аз 60 номгӯй – 1500 адад, 101 маҷмӯи таҷҳизоти истеҳсолӣ-технологӣ, 100 т конструксияҳои металлии хати флотатсионии фабрикаи бойгардонӣ, компрессорҳо, дастгоҳҳои пармакунӣ, муҳаррикҳои барқӣ, ресмонҳои пӯлодӣ (стальной трос), вагонеткаҳо ва дигар таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ворид карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки реконструктсияи иқтидорҳои истеҳсолии корхона бе нигоҳдории ҷараёни истеҳсолии корхона амалӣ карда шуд.