КОРХОНАҲОИ СОҲА

КОНИ АНГИШТСАНГИ «ЗИДДӢ»

Манзараи кони «Зиддӣ»

121

Кони ангиштсанги Зиддӣ дар қисми ҷанубии шохаи қаторкӯҳҳои Ҳисор дар масофаи 70 км аз тарафи шимолии ш. Душанбе ҷойгир шудааст.

Кони ангишти Зиддӣ аз солҳои 1920 асри XX ошкор гардида ба омӯзиши кон аз соли 1939 шурӯъ карда шудаст.

Бағайр аз ин, сафедхоки ба оташтобовар (каолиновая глина), ки аз қисмати болоӣ ва фарши қабатҳои ангишт хобидаанд, аҳамияти муҳими саноатиро доро мебошанд,

Айни замон захираҳои саноатии ангишти кон, ки аз тарафи Комиссияи марказӣ оид ба захираҳо бо категорияҳои В – 8396 ҳаз. тонна, С1 – 12557 ҳаз. тонна, С2 – 25069 ҳаз. тонна-ро ташкил медиҳанд тасдиқ ва ба тавозуни давлатӣ гирифта шуданд:

Дар соли 1977 аз чониби Иттиҳодияи истеҳсолии «Средазуголь» асосноккунии иқтисодии бо тарзи кушода истихроҷ намудани захираҳои ангишти майдони Ғарбии кони ангишти Зиддӣ дар асоси нишондиҳандаҳои техникии: кунҷи хобиши қабатҳои ангишт – 350, имконияти истихроҷи ангишт – 5,5 млн. тонна, ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ- 60,68 млн. м3, коэффитсиенти миёнаи корҳои қабаткушоӣ – 10,95 м3/тонна. таҳия карда шудааст.

Ҳаҷми захираҳои санаотии сафедхоки ба оташтобовар (каолиновая глина) дар кони ангишти Зиддӣ 62076 ҳаз. тоннаро ташкил менамояд.

Айни замон, захираҳои кони ангишти “Зиддӣ” аз ҷониби 2 корхона КФ «Зиддӣ» ва ҶДММ «Сангғалт» истихроҷ карда мешавад.

 

Тавсифоти сифати  ангишти кони «Зиддӣ»

 Нишондиҳандаҳои техникии қабати ангиштдори I.

-намнокии таҳлилӣ – аз 2,45 то 3,38%;

-хокистарнокӣ аз 6,45 то 30,83% нишонд. миёнааш 18,73%;

-моддаҳои хориҷшаванда аз вазни сӯзанда аз 26,88 то 34,34%;

-иқтидори гармидиҳӣ 7116-7989 ккал/кг.

 

Қабати ангиштдори II.

-намнокии таҳлилӣ – аз 2,56 то 5,77%;

-хокистарнокӣ аз 15,82 то 43,01%, нишонд. миёнааш – 22-29,6%;

-моддаҳои хориҷшаванда аз 24,39 то 39,87%;

-иқтидори гармидиҳӣ аз 6708 то 7685 ккал/кг.

11

Қисмати ҷанубии кони ангиштсанги «Зиддӣ»

122

Қисмати шарқии кони ангиштсанги «Зиддӣ»


 

КОНИ АНГИШТИ КОКСАШАВАНДАИ «ФОН-ЯҒНОБ»

Кони ангишти Фон Яғноб ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Кон дар нишебии ҷануби силсилакуҳҳои Зарафшон ва нишебии шимоли силсилакуҳҳои Ҳисор дар мавзеи якҷояшавии дарёҳои Фон-Дарё, Яғноб, Искандар-дарё ва Пасрӯд-Дарё ҷойгир аст.

Кон бо хатти борик то 24 км ба тарафи шимолу ғарб тӯл мекашад, масоҳати он тартибан 102 км2 буда, баъди омӯзиши геологӣ ва тасдиқи захираҳои саноатӣ ба се майдон: Ғарбӣ, Марказӣ ва Шарқӣ ҷудо карда шудааст. Қисми марказии кон дар навбати худ ба се қисм ҷудо мешавад: Куҳи-Малик, Роват ва Ҷиҷикрут. Қитъаи «Карерьный» -қисми таркибии майдони Шарқӣ буда, дар қисми ғарбии он дар масоҳати 4,65 км2. ҷойгир мебошад.

Дар қабати ангишти юрскӣ зиёда аз 50 қабатҳои калони ангишт ва қабатҳои хурди ангиштдор муайян карда шудаанд, ки 16 адади онҳо иқтидори саноатӣ доранд.

Кони ангишт Фон-Яғноб дорои захираҳои ангишти баландсифати коксашавандаи навъӣ Г (газовый)- газдор ва ГЖ (газовый-жирный) – газдор-равғандор буда, захираҳои дурнамои он зиёда аз 0,9 млрд. тонна ва захираҳои тарозӣ 400 млн. тонна муайян карда шудаанд.

Аз 18 қабати кони ангиштдор 5 қабат дорои хусусияти баланди коксшавӣ мебошад, ки гудозишро бо воситаи омехтаи гуногун талаб менамояд. Захираи ангишти дигар қабатҳо ашёи хуби энергетикӣ буда, ғафсии қабатҳои ангиштдор аз 1,0 то 14,5 метр мерасад.

Захираҳои ангишти «Шахтаи Фон Яғноб»-ро ҳамчун интиқолдиҳандаи энергия ва инчунин барои истеҳсоли кокси металлургӣ, сузишвории моеъ, карбиди калтсий истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми истифода дар маркази барқию гармидиҳӣ онро аз хокистари галлий, германий, скандий ва дигар ҳосил кардан мумкин аст.

Дар ҳавзаи ангиштдори кони Фон-Яғноб аз соли 1965 Гурӯҳи ҷустуҷӯи-геологии “Чиҷикрут” кор мебарад. Мавзеи ҷойгиршавии он дар соҳили руди Чиҷикрути деҳаи Нови-Матек, мебошад. Гурӯҳи иктишофию геологии Чиҷикрут дар майдони сурмаю симобдори Чиҷикрут корҳои омӯзишию геологиро барои муайян намудани захираҳои ангишти  кони Фону Яғноб гузаронидааст.

226

         Аз мавзеи ҷойгиршавии кон, роҳи асфалтии дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Душанбе-Чанак мегузарад, ки шимолу ҷанубро ба хам мепайвандад. Наздиктарин шаҳр ва роҳи оҳани Душанбе дар 90 км аз мавзеи кон ҷойгир аст. Айни замон, захираҳои кони ангишти коксшавандаи “Фон Яғноб” аз ҷониби 3 корхона КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» www.fonyagnob.com,   ҶДММ «Талко Ресурс» ва Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик», ки дар соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ пешсафанд истихроҷ карда мешавад.

225

223

Қитъаи Канте, қисмати  ғарбии кони ангиштсанги «Фон Яғноб».

 

  Тавсифоти сифати ангиштсанги кони «Фон-Яғноб»

                                              (қисмати марказӣ, қабати №9)

Нишондодҳо Миқдор
Намнокӣ 0,35-1,88 %

22