Маълумот доир ба бунёди ҶДММ “Ширкати байналмиллалии истеҳсолии Ҷунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон.

 

1 2
1 Номи корхона ҶДММ “Ширкати байнал-миллалии истеҳсолии Чунгтсай Моҳир семент”
2 Суроға ва макони ҷойгиршавӣ Вилояти Хатлон,

ноҳияи Ёвон, ҷамоати Даҳана

3 Муассиси корхона Ҷурахонов Баҳриддин Баротович
4 Телефон

 

907710101
5 Номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда  Семент, гаҷкартон ва халта
6 Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол 1,2 миллион тонна семент

80,0 миллион дона халта

7 Оғозу анҷоми сохтмон 2014-2016
8 Арзиши лоиҳа 145,0 млн $
9 Ҷойҳои корӣ 1030 нафар
10 Ҳиссаи тарафҳо:

– Сементбарорӣ

– Гаҷкартон

– Халтабарорӣ

 

35 % тоҷикистонӣ, 65 % хитоӣ

49 % тоҷикистонӣ, 51 % хитоӣ

49 % тоҷикистонӣ, 51 % хитоӣ

11 Ашёи хом Оҳаксанг ва гилхоки “Хучак”
11 Талаботи солонаи барқ 25 млн. кВт/ соат
12 Майдони корхона 20 га
 

ҶДММ “Ширкати байналмиллалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботҳои ҷаҳонии экологӣ корхонаи сементбарориро бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна, бо таъсиси 500 ҷойҳои нави корӣ ва маблағгузории 125,0 миллион доллари ИМА бунёд намудааст. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз ёфта, бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 мавриди истифода қарор дода шуд.

Ашёи хом аз кони оҳаксанги “Хучак” ва гилхоки “Майдон” истифода мешавад, ки барои истифодаи онҳо иҷозатнома гирифта шудааст.

Соли 2016  121,3 ҳазор тонна семент ва дар 11 моҳи соли 2017  822 ҳазор тонна семент истеҳсол намуда, 260,0 ҳазор тоннаи онро содирот кардааст.

Дар  корхона  муосиртарин  таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот аз тариқи дастгоҳҳои  электронӣ  танзим  ва  назорат  карда мешавад. Дар корхона навъҳои 400, 500 семент истеҳсол  мешавад.

Ҳамчунин, ширкат дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон мактаби таҳсилоти умумиро барои 640 хонанда сохта ба истифода додааст. Маблағи сармоя 13,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мактаб дорои варзишгоҳ, ошхона, толори маҷлис, ва майдони варзишӣ мебошад. Ҳамчунин синфхонаҳои таълимӣ бо 4 дастгоҳҳои чубтарошию оҳантарошӣ ва 12 мошини дарздузӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.