Маълумот доир ба бунёди корхонаи истеҳсоли гаҷкартон- ҶДММ “Ху Чан Ғаюр Индустрал”-и ноҳияи Ёвон

1 2
1 Номи корхона ҶДММХу Чан Ғаюр индустриал”
2 Суроға ва макони ҷойгиршавї Вилояти Хатлон,

ноҳияи Ёвон

3 Муассиси  корхона  Ғуломов Акбар Асадуллоевич
4 Телефон

 

901111140
5 Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда гаҷкартон
6 Иқтидори истеҳсолї дар як сол 2,5 миллион дона гаҷкартон

 

7 Оғозу анҷоми сохтмон 2014-2015
8 Арзиши лоиҳа 17,8 млн $
9 Ҷойҳои корї 200 нафар
10 Ҳиссаи тарафҳо:  35 % тоҷикистонї, 65 % хитої
11 Ашёи хом Гаҷсанги  “Мирамшоҳї”
11 Талаботи солонаи барқ 3000 кВт/ соат
12 Майдони корхона 3 га

ҶДММ “Ху Чан Ғаюр Индустрал”-и ноҳияи Ёвон дар ҷамоати деҳоти Даҳана (назди корхонаи намакбарории ноҳияи Ёвон) корхонаи истеҳсоли гаҷкартониро бо иқтидори солонаи 2,5 миллион дона (10 ҳазор дона дар як шабонарӯз) бунёд намудааст. Маблағи сармояи корхона 17,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он 170 ҷойи нави корї пайдо гардидааст. Сохтмони корхона соли 2014 шурӯъ гардида, бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллї, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон моҳи апрели соли 2016 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар 11 моҳи соли ҷорї 1,1 миллион дона гаҷкартон истеҳсол карда, аз ин миқдор 46,4  ҳазор донаашро ба Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон содир намудааст.

Масолеҳҳои истеҳсолшаванда маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда буда, барои сақфи биноҳо ва андова кардани онҳо истифода бурда мешаванд.

ҶДММ “Ху Чан Ғаюр Индустрал”-и ноҳияи Ёвон дар ҷамоати деҳоти Даҳана (назди корхонаи намакбарории ноҳияи Ёвон) корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷиро бо иқтидори солонаи 2,5 миллион дона (10 ҳазор дона дар як шабонарӯз) сохта, истеҳсоли озмоишї — таҷрибавии маҳсулотро оғоз намудааст. Маблағи сармояи корхона 17,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он 183 ҷойи нави корї пайдо мегардад. Сохтмони корхона соли 2014 шурӯъ гардида, моҳи апрели соли 2016 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Таҷҳизотҳои технологї сохти хитої буда, бо дастгоҳҳои тозакунии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Барои истеҳсоли гаҷкартон дар як шабонарӯз 30 тонна ва дар як сол 12,0 ҳазор тонна ангишт лозим аст. Ашёи хом аз кони гаҷсанги минтақаи “Мирамшоҳї” истифода мешавад, ки дар он корҳои геологї гузаронида шуда истодааст.

Ҳамзамон корхона тасмим гирифтааст, ки коргоҳи истеҳсоли маҳсулоҳои гаҷї (шпатлевка, ротдман) бо иқтидори истеҳсолии 150,0 ҳазор тонна дар як сол ба роҳ монад. Барои ҷудо кардани 3 га қитъаи замин аз назди корхона ҳуҷҷатгузориҳо идома дорад.

Масолеҳҳои истеҳсолшаванда маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда буда, барои сақфи биноҳо ва андова кардани онҳо истифода бурда мешаванд.

Талаботи ҷумҳурї ба маҳсулотҳои гаҷї 50,0 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳамасола зиёда аз 30,0 ҳазор тонна ворид мешавад.

Мутассадиёни корхона ба тоза кардани атрофи корхона, кабудизоркунї ва шинондани дарахтони сояафкан шурӯъ кардаанд.

Талаботи барқ 3000 кВт/соатро ташкил дода, шарти техникї гирифта шудааст.