ҶДММ «Хуаксин Ѓаюр семент»-и ноҳияи Ёвон

1 2
1 Номи корхона ҶДММХуаксин Ѓаюр- семент
2 Суроѓа ва макони ҷойгиршавӣ Вилояти Хатлон,

ноҳияи Ёвон

3 Муассиси корхона  Ѓуломов Акбар Асадуллоевич
4 Телефон

 

931111140
5 Номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда  Семент
6 Иќтидори истеҳсолӣ дар як сол 1000,0 ҳазор тонна семент

 

7 Оѓозу анҷоми сохтмон 2011-2013
8 Арзиши лоиҳа 125,0 млн $
9 Ҷойҳои корӣ 500 нафар
10 Ҳиссаи тарафҳо:  25 % тоҷикистонӣ, 75 % хитоӣ
11 Ашёи хом Оҳаксанг ва гилхоки “Чашмасор”
11 Талаботи солонаи барќ 20 млн. кВт/ соат
12 Майдони корхона 40 га

ҶДММ «Ѓаюр»-и ноҳияи Ёвон бо ширкати хитойии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» корхонаи муштараки «Хуаксин Ѓаюр семент»-ро таъсис дода, 15 сентябри соли 2011 сохтмони заводи сементро бо иќтидори солонаи 1,0 миллион тонна дар ноҳияи Ёвон бо маблаѓи умумии 125 млн. доллари ИМА оѓоз намуд.

Бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санаи 29 августи соли 2013-ум корхона ба фаъолият оѓоз намуд. Иќтидори солонаи завод 1 миллион тонна сементро ташкил медиҳад.  Корхона сементи хушсифати ватании тамѓаи М 400 ва М 500 истеҳсол менамояд. Шумораи коргарони завод 374 нафарро ташкил медиҳад.

Барои истеҳсоли семент аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 млн. тонна), гилхоки «Дарагӣ» (3,1 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормаѓзак» (2,2 миллион тонна) истифода бурда мешавад, ки ба онҳо иҷозатномаи истихроҷӣ дорад.

Соли 2016  936,6 ҳазор тонна семент ва дар 11 моҳи соли 2017  881,8 ҳазор тонна семент истеҳсол намуда, 319,0 ҳазор тоннаи онро содирот кардааст.

Дар  корхона  муосиртарин  таҷҳизоти технологии пешќадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот аз тариќи дастгоҳҳои  электронӣ  танзим  ва  назорат  карда мешавад. Дар корхона навъҳои 400, 500 семент истеҳсол  мешавад.