МАЪДАНҲОИ КУҲӢ

Дастовардҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қимматбаҳо

 

Корхонаҳои соҳа дар нимсолаи якуми соли 2018 ба маблағи 2,84 млр сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2017 116,1%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли гузашта +394,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 28,0% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуданд.

к2

Дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар ин давра- 2,69 млрд. сомонӣ, аз он ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 2,05 . сомонӣ ё 223,8 млн доллари ИМА, ки суърати афзоиш нисбати соли 2017 125,0%-ро ташкил намуд. Дар ҳамин давра шумораи кормандони соҳа 9965 нафар буда, музди миёнаи як нафар корманд 3204 сомонӣ ва пардохти андозҳои давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 357,0 млн сомониро ташкил намуд. Бояд  қайд намуд, ки шумораи кормандон ва музди меҳнат мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1106 нафар ва 146 сомони зиёд мебошад.

Бо мақсади равнақ додани соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, дар соли 2018 иншоотҳои нави истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

к5

Бо дарназардошти иқтидорҳои мавҷуда ва ба кор даромадани корхонаҳои мавсимӣ ва бозистода тибқи чашмдошт корхонаҳои соҳаи маъдан тасмим гирифтаанд, ки  дар 9 моҳи  соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатии корхонаҳои соҳаро ба 4,3 млрд. сомонӣ расонанд.