Фаъолияти натиҷабахши корхонаҳои саноати сабуки кишвар дар моҳҳои январ – октябри соли равон

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук тибқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ – октябри соли 2017 ба маблағи 815,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 323,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 165,7 % - ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои соҳа 14013,1 тонна риштаи пахтагин (назар ба ҳамин давраи соли 2016 9020,4 тонна зиёд), 2469,5 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагин (нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 708,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 164,3 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ (дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2016 48,6 млн. сомонӣ зиёд), 652379 адад либоси мактабӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134409 адад зиёд), 1025,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб (назар ба ҳамин давраи соли 2016 261,9 ҳазор ҷуфт зиёд), ба маблағи 20,6 млн. сомонӣ маҳсулоти мебелӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 6,1 млн. сомонӣ зиёд), 2145,4 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ (назар ба ҳамин давраи соли 2016 841,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 674 ҳазор ҷуфт пойафзол (дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2016 255,6 ҳазор ҷуфт зиёд) истеҳсол гардидааст.

Коркарди пӯсти чорво 379,8 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – октябри соли гузашта 20,1 ҳазор адад зиёд буда, суръати афзоиш 105,6 % - ро дар бар гирифт.

Соли равон дар ҷумҳурӣ 882,1 тонна пилла истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 12,0 тонна зиёд мебошад.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 404,9 млн. сомонӣ маҳсулот, аз ҷумла ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, маснуоти қолинӣ, вет-блю, нахи абрешим ва ҷӯробҳо содирот гардидааст.

Фароҳам овардани заминаи боэътимоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи саноати сабуки мамлакат ба тамоюли болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳа мусоидат намуда, дар самти рушди он мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.