Нақши иҷлосияи таърихии XVI-Шӯро Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ

«Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои тоҷик!
Рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд.
Акнун, дилпурона ва ба қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи
ободу осуда ва куллаҳои боз ҳам баланд БА ПЕШ!»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Мавриди зикр аст, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие баргузор мегардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошту шохаҳои асосии давлатдорӣ комилан фалаҷ гардида буданд.

Иҷлосияи XVI - Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкиму густариши ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти кишвар, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъди ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократии, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлати масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ мавриди барраси қарор гирифт ва тибқи қарори Иҷлосия ваколатҳои мансуб ба Раиси Ҷумҳури мибаъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии вогузор карда шуд. Масъалаҳои таъин ва бозхонди намоядагон, таъин ва бозхонди намоядагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ низ, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олии гузошта шуд. Тибқи моддаи 109-и Конститутсия Раиси Шӯрои Олии ҶТ - Сарвари давлат ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин лиҳоз, қонуни ҶТ «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои асосии кишвар» баррасӣ ва қабул гардид.

Раёсати Шӯрои Олӣ бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳои авфи умумӣ, қатъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи озуқа муносибати кишвар бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як силсила қарору фармонҳо қабул кард.

Бо роҳбарияти давлату Ҳукумат муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятиро барқарор намуда, тартиботи қонуниро беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои далатии ҷумҳуриро ба низом оварад, ки дар ҳамаи ин дастовардҳои Иҷлосияи тақдирсоз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузургу арзишманд ва беназир мебошад.