Саноати хӯрокворӣ

 

Раёсати саноати хӯрокворӣ оид ба натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳа дар ҳашт моҳи соли 2017 маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.

 

Саноати хӯрокворӣ дар комплекси саноатии Тоҷикистон вобаста ба ҳиссагузорӣ дар ташаккули маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ мавқеи пешбарандаро ишғол намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи афзалиятнокро ишғол менамояд.

Нишондоди асосӣ саноати хӯрокворӣ ин зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот буда, татбиқи он ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва табдил додани раванди идомадоштаи иқтисодиёт ба кишвари саноатӣ-аграрӣ, ки дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидааст, мусоидат менамояд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳашт моҳи соли 2017 ба 2716,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,6% ва ё 562,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 24,1%-ро ташкил дод.

Индекси нархҳо дар ин давра ба маҳсулоти ғизоии саноатӣ 1,1%-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба индекси нархҳои истеъмолии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №475 аз 1 августи соли 2015 «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» (7% дар соли 2017) пешбинигардида 84,3% камтар мебошад.

Афзоиши аксарияти маҳсулоти асосии соҳа таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ аз рӯи гуруҳи молҳои саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 дар таносуби аз 100,3 то 2,3 баробар зиёд қарор дорад.

Аз ҷумла:

  • Нон ва маҳсулоти нонӣ 147%
  • Маҳсулоти қаннодӣ 191%
  • Орд 158%
  • Нӯшокиҳои беспирт ва обҳои маъданӣ 1120/112%
  • Намаки ошӣ 117%
  • Гӯшт 108%
  • Ҳасиб 106%
  • Равғани растанӣ 104%
  • Маҳсулоти ширӣ 101% таъмин гардид.

 

Воридоти маҳсулоти ғизоии саноатӣ ва ҳиссаи он дар таъмини бозори истеъмолӣ чун солҳои қаблӣ тамоюли коҳишёбӣ дошта, дар ин давра бо ворид намудани 575,2 ҳазор тонна гандум ва коркарди саноатии он ҳаҷми истеҳсоли орди ватанӣ ба 422,5 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар натиҷаи истифодаи ашёи хоми воридотӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои саноатӣ, ҳиссаи орд ва маҳсулоти макаронии истеҳсоли ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар афзун гардида, ба ҷумҳурӣ воридоти орд 42% (25,7 ҳазор тонна) ва маҳсулоти макаронӣ 4,8% (453 тонна) нисбати ҳамин давраи соли 2016 коҳиш ёфт.

Дар зиёд шудани маҳсулоти саноати хӯрокворӣ саҳми корхонаҳои шомили корхонаҳои воҳиди давлатии «Ғалла» 3,3 маротиба (290,2 млн.сомонӣ), «Хӯрокворӣ» 128% (79,4 млн.сомонӣ) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати гӯшту шир» 124% (9,5 млн.сомонӣ) назаррас мебошад.

Ҷиҳати таъмини рушди саноати хӯрокворӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба воридоти хатҳои технологии муосир ва ашёи хом аз хориҷи кишвар ва минтақаҳои ҷумҳурӣ аҳамияти зарурӣ дода шуда, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз маҳсулоти нимтайёр ва роҳандозии сармогузории вертикалӣ ҷиҳати таъмини корхонҳо бо ашёи хоми худӣ тавассути ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои парвариши чорво ва меваю сабзавот пайваста чораҷӯӣ карда мешавад.

Бо ворид ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот дар ҳашт моҳи соли 2017 дар саноати хӯрокворӣ 26 корхонаю коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси 312 ҷойҳои нави корӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири коркард ва бандубасти меваи хушки «Баракати Исфара» бо сармояи 2 млн. доллари ИМА бо таъсиси 50 ҷойҳои нави корӣ, инчунин корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот ва хизматрасонии ҶДММ «Хушруз»-и шаҳри Ваҳдат бо сармояи 1,8 миллион сомонӣ бо таъсиси 80 ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти соҳа мусоидат менамояд.

Раванди бунёди истеҳсолоти нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саноати хӯрокворӣ бомаром идома дошта, соли 2017 сохтмони 37 корхонаю когоҳҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанию хориҷи пешбинӣ гардидааст.

Азимтарини онҳо корхонаи истеҳсоли равғани растании «Ганҷ»-и ноҳияи Бохтар ба ҳисоб рафта, сармояи умумии 42,0 млн. сомонро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати татбиқи иқдоми пешгирифта ба маблағи 32,6 млн. сомонӣ таҷҳизоти технологӣ ба корхонаҳои истеҳсоли равғани растании «Ганҷ»-и ноҳияи Бохтар, корхонаи ордбарории «Зерновая Компания»-и ноҳияи Б.Ғафуров ва коргоҳи истеҳсол ва бандубасти меваи хушк дар ноҳияи Ш.Шоҳин ворид гардид.