Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - омили пешрафту шукуфоии ҷомеа.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги ҷомеа  зарурат ба назорати пайваста ва танзим дошта, рушди доимии онҳо дар доираи талаботи замон бояд таъмин гардад. Расму оин  ва анъанаҳо дар рӯзгори халқи  тоҷик  мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд.

Нодида гирифтани зуҳуроти бемантиқ чун тақлидкорӣ ва рақобат дар гузаронидани тӯю маъракаҳо чанд сол қабл боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум  гардид. Маросимҳои дафну азодорӣ ба  бори гарони зиндагӣ табдил ёфтанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро саривакт ва оқилона дарк намуда,   бамаврид таъкид карданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Маҳз бо дарки ин маънӣ ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз даҳ сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.

Ҳадафи қабули Қонуни мазкур ин ҳимоя намудан аз манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзгори мардуми тоҷик ранги дигар гирифт. Муҳимтар аз ҳама, онро сокинони кишвар ба хубӣ истиқбол карданд. Аз як тараф, амали қонун ба баланд гаштани сатҳи рӯзгори сокинон боис шуда бошад, аз ҷониби дигар, мардум тавонистанд, бо пасандозҳои худ фарзандонашонро хононанд, соҳибмаърифат намоянд.

Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки амали Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибрат шуд. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Пешвои миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дубора таъкид доштанд, ки: «Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд».

Хушбахтона имрӯз сокинони кишвари азизамон-Тоҷикистон бо риояи амали конуни мазкур дар таъмини некӯаҳволии оила ва наздикону ҳамватанони худ саҳм мегузоранд.  Бартараф кардани норасоиҳои марбут ба исрофкориву зиёдаравӣ дар баргузории тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросимҳо боис гардид, ки имрӯз дар муқобили исрофкориву зиёдаравӣ сокинони мамлакат ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саховатмандиву  дастгирии эҳтиёҷмандону ятимон ва бепарасторон даст зада, бо ин васила дар болоравии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани дараҷаи камбизоатӣ ҳиссаи арзишманд гузоранд.

 Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри воқеӣ буда, он омили боз ҳам вусъат бахшидани пешрафту шукуфоии ҷомеа ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ хоҳад буд.

 

Фазлиддин Қодиров дотсенти
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат