Лоиҳаҳо ва барномаҳо

 

ЛОИҲАХОИ ИННОВАТСИОНӢ

 

  1. «Технологияи истеҳсоли коагулянт барои соф кардани оби нӯшокӣ ва техникӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва партовҳои саноатӣ».
  2. «Истеҳсоли нуриҳои минералии фосфордор (орди фосфорит, аммофос, суперфосфат) аз хокаи фосфоритӣ дар асоси кони фосфорити Қаротоғ».
  3. «Истеҳсолоти комплекси саноатию энергетикӣ бо истифода аз кони ангишти «Сайёд» бо иқтидори исеҳсолии 1350 барел сузишвории синтетикӣ (бензин, сузишвории дизелӣ, маводи молидании техникӣ, нурии органикӣ, маҳсулоти химиявӣ).
  4. Технологияи истеҳсоли нуриҳои фосфордор (аммофос, суперфосфат) аз хокаи фосфоритӣ.
  5. Технологияи истеҳсоли криолит дар заминаи ҶСШК «Тоҷикхимпром».
  6. Технологияи истеҳсоли фториди алюминий дар заминаи ҶСШК «Тоҷикхимпром».
  7. Технологияи истеҳсоли металлҳои сурма ва симоб.
  8. Технологияи истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз консентрати сурбу нуқра.
  9. Технологияи истеҳсоли маводҳои фаъоли изофаи биологии Ферусино, Ферусино-Р, Ферусино-G. 

 

БАРНОМАҲОИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

  • «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» (қарори ҲҶТ аз 30 августи соли 2011, № 409).


Пешина
«Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» (қарори ҲҶТ аз 3 августи соли 2007 № 392).
«Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»(қарори ҲҶТ аз 31 октябри соли 2005, №422).
«Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пўст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» (қарори ҲҶТ аз 31 декабри соли 2008, №663).
«Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, №683).
«Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015» (қарори ҲҶТ аз 30 декабри соли 2007, №648).
«Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №255).
«Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2012, №639-19).
«Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 №601).
«Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 №574).
«Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 №516)
“Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013”, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2012 №175)