Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Мутобиқи моддаи  17  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2011-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату  идораҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   мақомоти   иҷроияи ҳокимияти  давлатии  Вилояти  Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  вилоятҳо ва шаҳру  ноҳияҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Академияи   илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Академияи илмҳои тиббии  назди  Вазорати  тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,  муассисаҳои таҳсилоти олӣ,  муассисаҳои соҳавии илмию таҳқиқотӣ,  корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2020  дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи вазорату идораҳо, муассисаҳову корхонаҳо ва дигар иҷрокунандагони Барнома амалӣ карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2011 № 227
ш. Душанбе 

Муфассал...