Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Маълумоти ҷамъбастии Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар 10 моҳи соли 2017

«Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ афзалиятҳои сиёсати саноатии кишварро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бармеояд, сармашқи кори худ намуда, тибқи ҳисобот дар моҳи октябри соли 2017 ба маблағи 121,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 126,2% таъмин намуданд.

Корхонаҳои соҳа дар 10 моҳи 2017, дар маҷмуъ ба маблағи 1002,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016-ум 72,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин давра 107,8 фоиз таъмин карда шудааст.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 330,4 млн. сомонӣ расонид.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар давоми 10 моҳи соли 2017 ба 85,6 ҳазор тонна баробар шуд.

Ба санаи 10 ноябри соли 2017 нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 2089 доллари ИМА баробар шуд.

Аз захираву имконотҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 10 моҳи соли 2017 дар маҷмуъ 6850 тонна алюминиро коркард намуданд, ки аз нишондоди коркарди 10 моҳи соли 2016-ум 1630 тонна (аз ҳисоби ҳамаи корхонаҳои коркардкунанда) зиёд буда, суръати афзоиши коркард дар ин давра 131,2 % таъмин карда шуд.

Дар асоси шартномаи тарафайн байни КВД «Тоҷикагролизинг» ва КВД «Коргоҳи машинасозӣ» дар ҳаҷми 10,0 млн. сомонӣ барои истеҳсоли мошинолотҳои кишоварзӣ дар соли 2017 аз қабилӣ картошкашинонак, картошкаканак, сипор ва дигар намуди мошинолотҳо шартнома баста шуда буд (шартномаи №39 аз 21 декабри соли 2016).

Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ КВД «Тоҷикагролизинг» аз корхонаи мазкур ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ аз он ҷумла: плуг -24 адад, чизел култиватор-20 адад, култиватор ҷӯяккашак -29 адад, сихмола -346 адад, картошкашинонак-5 адад, картошкаканак-11 адад, гандумкӯбак-8 адад, лемех-740 адад, харидорӣ намудааст.

Дар баробари ин, КВД «Коргоҳи машинасозӣ» дар ин давра зиёда аз 150 тонна металл ворид намуда, ба маблағи 3,4 млн сомонӣ маҳсулоти тайёрро ба фурӯш баровард аз ҷумла: СНБО «Вахш» -950 ҳаз. сомонӣ, ПРООН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -1,3 млн. Сомонӣ, СНБО «Варзоб» -289 ҳаз.сомонӣ.

Дар 10 моҳи соли 2017 тибқи маълумотҳо корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, маводҳои таркандаи саноатӣ, маҳсулоти алюминӣ, ноқилҳои рӯйпӯшшуда ва аккумуляторҳои истифодашударо ба маблағи 1394,8 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, Афғонистон, Туркия Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 67,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои коркарди пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга дар ин давра ба маблағи 28,8 млн. сомонӣ маҳсулотҳои металлӣ аз қабили арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои гуногунандоза, саққои металлӣ ва сими металлӣ истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда, 3,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 111,7 фоизро ташкил додааст.

Корхонаҳои асосии сохташуда дар соҳа дар соли 2016:

 

-ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷикистон» корҳои сохтмонӣ аз соли 2011 оғоз гардида, санаи 5 ноябри соли 2016 бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Иқтидори лоиҳавии соли аввал -120 ҳаз.тонна, соли дувум -200 ҳаз.тонна ва соли сеюм -400 ҳаз.тоннаро ташкил медиҳад.

Шумораи коргарони корхона пас аз оғози фаъолият тақрибан 150 нафарро ташкил медиҳанд.

Маҳсулотҳои истеҳсолшаванда аз қабили арматура, швеллер ва кунҷакҳоро дар бар мегирад.

Ҳаҷми маблағгузории сохтмони корхонаи мазкур 28 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ талаботи солонаи корхона ба ангишт ба 65 ҳазор тонна баробар аст.

Айни замон дар корхона мутахассисон аз Федератсияи Россия барои таҷдид намудани системаи хунукнамоии печи резиши металл, дигар намудани суръати хати кашиши металл ва дигар қисматҳои хати кашиш даъват гардида, дар маҷмуъ таҷдиди хати технологӣ ва системаи энергетикии корхонаро бурда истодаанд.

Ҳамин шабу рӯз дар корхона 55 нафар коргарон кору фаъолият доранд. Захираи ашёи хом дар комбинат ба 13,0 ҳазор тонна партовҳои металлӣ баробар буда, боз 90,0 тонна маҳсулоти нимтайёр захира шудааст.

 

- ҶДММ «Криолит» бо мақсади истифодаи ашёи хоми ватанӣ соли 2008 дар ноҳияи Ёвон сохтмони «Заводи сохташавандаи криолит» барои таъмини эҳтиёҷоти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба фториди алюминий ва криолит оғоз карда шуд. Иқтидори лоиҳавии он ба истеҳсоли 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат дар як солро ташкил медиҳад.

Корхонаи мазкур дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар 10 моҳи соли 2017 корхона ба маблағи 12,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар ин давра корхонаи мазкур 519,2 тонна фториди алюминий, 90,0 тонна криолит ва 9195,0 тонна кислотаи сулфат истеҳсол намудааст.

Айни замон дар корхонаи мазкур 600 нафар кормандон кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 570 нафарашон тоҷикон, 30 нафар мутахассисони хитоӣ мебошанд.

Дар соли 2016 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркуҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.

Корхона аз тарафи соҳибкорони таҳҷоӣ ва хитоӣ сохта шуда, маблағи умумии ҷалбгардида дар маҷмуъ зиёда аз 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад.

Корхонаи мазкур дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуд.

Соли 2016 корхона ба маблағи 67,9 млн. сомонӣ профилҳои металлиро истеҳсол намуда буд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бошад, корхона ба маблағи 75,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 132,2 % ташкил додааст. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 14992,1 тонна баробар шудааст.

Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад.

Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 750 доллари ИМА баробар мебошад. Ҳангоми фурӯш дар бозори дохилӣ корхона аз ҳаҷми фурӯш боз 18% ААИ ва дигар андозҳои ҳатмиро пардохт менамояд.

Инчунин дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 боз як корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркунҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар заминаи он 20 ҷойи кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1200 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.

Дар давоми 10 моҳи соли равон корхонаи навтаъсис ба маблағи 28,2 млн. сомонӣ қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашаклро истеҳсол намудааст. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра дар корхона 1706 тоннаро ташкил додааст. Иқтидори солонаи корхона 2400 тонна мебошад.

Пешбинии рушди соҳа бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ, ки сабаби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҷойҳои нави корӣ мегарданд:

 

- мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо гардидани маблағҳо ва оғози корҳои сохтмониву таҷдиди иқтидорҳо ва бо истифода аз ангишт истеҳсол намудани нуриҳои азотӣ (карбамид) дар ҶСК «Нури Осиё»-и шаҳри Сарбанд;

Бо мақсади рушди бемайлони соҳаи кишоварзии мамлакат ва таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Нуриҳои Осиё»-и шаҳри Сарбанд санаи 18 ноябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки истифодаи нӯриҳои фосфордор дар давраи шудгори тирамоҳӣ ва таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ бо нурии азотӣ дар марҳилаи аввали нашъунамои зироатҳо, омили асосии баланд гардидани ҳосилнокии замин ба шумор меравад.

Корхонаи мазкур шуруъ аз соли 1967 то наздиктарин солҳои истиқлолияти давлатӣ ҳоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳуриро бо нӯриҳои минералии азотӣ, аз қабилӣ карбамид таъмин намуда, дар коргоҳҳои он зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин буданд.

Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур дар масоҳати 113 гектар доман паҳн намуда, иншооти истеҳсолии он бо ду хати технологии истеҳсоли даврони шуравӣ бо иқтидори ҳар кадоме 90 ҳазор тонна ва дар маҷмуъ 180 ҳазор тонна карбамидро ташкил менамуд.

Ҳамин тавр, бо назардошти маҳдуд будани дастрасӣ ба гази табиӣ, ҷиҳати барқарор намудани истеҳсолоти карбамид, дар ҳамкорӣ ва шарикии сармоягузорони чинӣ лоиҳаи таҷдиди иқтидорҳои корхонаро бо истифода аз ангишт коркард гардид, ки бар ивази газӣ табиӣ, гази аз ангишт синтезшударо дар истеҳсоли нурии минералии азотӣ истифода мегардад.

Дар робита ба ин, баҳри роҳандозӣ намудани иқдомоти пешгирифта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №365 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой» оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли карбамид ва аммиак дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Азот» бо саҳми тарафҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон 50% ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 50% ба тавсиб расонида шуд.

Ҳаҷми умумии сармоя барои татбиқи лоиҳаи таҷдид ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли карбамид ва аммиак маблағи 360 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Марҳилаи якуми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ бо иқтидори 120 ҳазор тонна ва карбамид 200 ҳазор тонна дар як сол.

Марҳилаи дуюм бошад, иқтидори 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамид дар як солро ташкил дода, муҳлати ба истифодадиҳии он 2,5 солро дар бар мегирад.