Илм ва таҳсилот

Маълумот оид ба фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии зертобеи вазорат дар нимсолаи аввали соли 2017

Дар тобеияти вазорат шаш муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ғизо ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии саноат ва се муассисаҳои типпи нав, аз ҷумла ду литсейҳои инноватсионии «Душанбе» –и назди ДТТ ва «Кӯлоб»- и назди ДТМИ Кӯлоб,»Соҳибкор» - назди ДСХ фаъолият доранд. Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2016-2017 зиёда аз 13351 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла раванди таълим дар 25 факулта аз рӯи 143 ихтисос аз ин 79 ихтисосро соҳаи техникию технологӣ ва 64 ихтисосро соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ташкил дода, дар 75 кафедра ба роҳ монда шудаанд, ки ба онҳо 1545 нафар устодони ботаҷриба, аз ин 37 нафар докторони илм, 246 нафар номзадони илм дарс меомӯзанд ва ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғуланд. Соли таҳсили 2016-2017 3195 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр ва магистр муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро хатм намуда, барои дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кору фаъолият доранд. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат ҳамасола мустаҳкам гардида, айни замон 56 синфхонаҳои компютерӣ бо 1901 адад компютерҳо мавриди истифода қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 синфхона ва 213 адад компютер зиёд аст. Музди миёнаи маоши кормандони муассисаҳои таълимии марбут ба вазорат 1048,2 сомониро ташкил медиҳад ва 1894 нафар донишҷӯён аз 90-100 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд. 12 нафар донишҷӯён гирандагони стипендияи Президентӣ буда, 182 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд. Алҳол аз ҳисоби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб дар доираи ҳамкориҳои судманд аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Россия зиёда аз 1162 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар ин замина солҳои 2013-2016 217 нафар ин муассисаҳоро хатм намуда, барои фаъолият дар соҳаи саноати кишвар ҷалб гардидаанд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба малакаи зеҳнии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба раванди истеҳсолот дар назди паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ 15 адад коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Дар парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон истеҳсоли обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, макаронҳо, кефиру йёгуртҳои мевагӣ, навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои қаннодӣ, натқеъҳои растаниву гиёҳҳо ва меваю сабзавотҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳтиром ба либосу фарҳанги миллӣ Маркази «Муди тобон» фаъолият дорад, ки духтарон аз рӯи ихтисосҳои тарроҳ, дӯзандагӣ ва технолог касб меомӯзанд. Аввалин маротиба парки технологии Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон ба ҳайси пудратчӣ дар тендер ғолиб омада, дар раванди таҷрибаомӯзӣ 100 адад катҳои металии дуқабата барои 200 нафар донишҷӯёни хобгоҳ, 40 адад нишастгоҳҳои металлӣ барои истифода дар саҳни муассиса, 20 адад тахтаҳои рекламавӣ (витрина), 20 адад либосовезак омода ва ба худи муассиса пешниҳод намудааст.

Дар парки технологии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара дар баробари тайёр намудани маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, консерва инчунин аввалин маротиба чароғаки роҳнамои рақамӣ истеҳсол ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Исфара харидорӣ ва мавриди амал қарор дода шуд. Парки технологии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда коргоҳҳои истеҳсоли тушбера, маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, маснуоти заргарӣ ва маҳсулотҳои дӯзандагиро таъсис дода, донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба истеҳсолот фаро гирифта мешаванд. Дар парки технологии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамбастагии илм бо истеҳсолот коргоҳҳои кулолгарию заргарӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, бо ҷалби устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар корхонаҳои саноатии кишвар бо мақсади баланд бардоштани тахассуси кормандон курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси соҳаи саноат таъсис дода шудааст, ки мисоли равшани он дар ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶСП «Ҷунтай Данғара - Синсилу Текстил», ҶДММ КМ «Апреловка» бо фарогири зиёда аз 200 нафар кормандон ба ин курсҳо ва бо сертификат, шаҳодатнома дар бораи тахассус таъмин гардидани онҳо мебошад.

Инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди гулдузӣ, атласу адрасбофӣ дар заминаи Паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ Маркази омӯзиши истеҳсоли атласу адрасбофӣ таъсис гардид. Айни ҳол устодон ва мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ нозукии ин ҳунари аҷдодиро ба занону духтарон меомӯзонанд.

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 05.10.16 ба шаҳри Кӯлоб санги асоси биноҳои таълимӣ, хобгоҳу дигар иншоотҳои маишию фарҳангии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб гузошта шуд ва лоиҳаи ангоравии он барои мувофиқа пешниҳод ва сохтмони онҳо оғоз гардид. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи аксар роҳбарони корхонаҳо заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ғанӣ гардида, дар ин замина фаъолияти онҳо дар самти тайёр намудани мутахассисон беҳтар мегардад.

Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкор Комилов Н.О. озмоишгоҳи ташхиси технологияи маводи хӯрока бо маблағи 333 ҳ.с. ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб тақдим гардид.

Инчунин бо дастгирии КМ «Зарафшон» барои таъсиси озмоишгоҳи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок маҷмӯи таҷҳизотҳо ва аз ҷониби КВД «Металҳои нодири Ленинобод» 500 нусхаи китобҳо ва адабиётҳои тахассусӣ ба Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон тақдим гардид.

Бо дастгирии молиявии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семенет» «Маркази рушди касбият» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис гардид, ки ҳадаф аз ин рушди касбомӯзӣ ва забономӯзии донишҷӯён мебошад. Дар соли сипаригардида аз ҳисоби буҷаи давлат ба ду муассисаи илмии зертобеи вазорат 472.674 сомонӣ аз ин барои Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии ғизо бобати амалӣ намудани 2 лоиҳаи татқиқотӣ 344.882 сомонӣ (Омӯзиши ғизои рӯзмарраи маъюбон ва калонсолони бошандагони мактаб-интернатҳо ва хона-интернатҳои баъзе минтақаҳои ҶТ ва омӯзиши сифатнокии маводҳои хӯрока ва растаниҳои шифоӣ) ва барои Пажуҳишгоҳи саноат (таҳияи технологияи коркарди комплекси минерали алюминий дори мусковити кони Курговат ("Помири Ғарбӣ") барои солҳои 2016-2020) 127.792 сомонӣ ҷудо шуда, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 боздиди донишҷӯёну устодони муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҶСК «Ҷунтай Данғара-Син силу текстил», ҶММ «Криолит», ҶСК «Комбинати шири шаҳри Кӯлоб» ва КМ «Апреловка» тавассути роҳи оҳан ва дигар воситаҳои нақлиёт доир гардид, ки ин сафарҳо бори дигар барои баланд бардоштани малакаю маҳорати саноатчиёни оянда мусоидат менамояд. Санаи 1 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ доир гардид, ки зимни баромад ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштани кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин робита, шуъба ба фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу маърифати касбии устодону омӯзгорон, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ инчунин дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи саноат чораҷӯӣ менамояд.

Маълумот оид ба фаъолияти муассисаҳои илмию таълимӣ дар нӯҳ моҳи соли 2016

Шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти вазорат, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар сарчашма мегирад, ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илм, ки ба омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаи саноат, беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия равона карда шудаанд, пайваста чораҳои муассир менандешад.

Дар тобеияти вазорат шаш муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Ғизо» ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии саноат ва се муассисаҳои нави таҳсилот, аз ҷумла ду литсейҳои инноватсионии «Душанбе», назди ДСХ ва гиназияи Кӯлоби назди ДТМИ Кӯлоб фаъолият дорад.

Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2016-2017 15199 нафарро ташкил медиҳад, раванди таълим дар 25 факулта аз рӯи 143 ихтисос дар 76 кафедра ба роҳ монда, ба онҳо 1434 нафар устодони ботаҷриба, аз ин 32 нафар докторони илм, 119 нафар номзадони илм дарс меомӯзанд. Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2016-2017 тавассути Маркази миллии тестӣ 4210 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, нақшаи қабул дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон-98%, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон - 92%, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат - 88%, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара - 73%, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб-65% таъмин гардид.

Соли таҳсили 2015-2016 2788 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро хатм намуда, барои фаъолияи корӣ ба корхонаҳои саноатӣ роҳхат гирифтанд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат ҳамасола мустаҳкам гардида, айни замон 54 синфхонаҳои компютерӣ бо 1817 адад компютерҳо мавриди истифода қарор дорад.

Бахусус Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб дар доираи ҳамкориҳои судманд бо таълимгоҳҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби буҷети ин кишвар зиёда аз 1162 нафарро ба таҳсил фаро гирифта, ҳамасола хатмкардагон барои фаъолият дар соҳаи саноат сафарбар мегарданд.

Музди миёнаи маоши кормандони муассисаҳои таълимии марбут ба вазорат 1250 сомониро ташкил медиҳад ва 1838 нафар донишҷӯёни фаъолу донишманд аз 90-100 сомонӣ стипендия ё идрорпулӣ мегиранд. 11 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ буда, 199 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд.