Саноати ангишт

Маълумоти фаврӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар даҳ моҳи соли 2017

 

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт ба 1 млн. 448 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 288,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки саҳми КФ «Шахтаи Фон-Яғноб»- 646434 тонна (ё 44,7 % ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида), ҶДММ «Талко- Ресурс» -296860 тн. (ё 20,5 %) ва ДИА-и ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик» - 234260 тн. (16,1%) дар таъмини ҳаҷми зикргардидаи истихроҷи ангишт назаррас мебошанд.

 

 

Мувофиқи ҳисоботҳо фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 млн. 366 ҳазор тонна, аз ҷумла ба Маркази барқу гармидиҳӣ-700 ҳазор тонна (ё 51,2 %), корхонаҳои саноатӣ – 501,5 ҳазор тонна (36,8 %), аҳолӣ- 116,5 ҳазор тонна (8,6 %) ва муассисаҳои буҷетӣ 48 ҳазор тонна (3,6 %) -ро ташкил дод. Харидории ангишт нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 195 ҳазор тонна зиёд гардидааст.

Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби муассисаҳои буҷавӣ дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти бақияи соли 2016 ба миқдори 52391,4 тонна ангишт захира карда шуд, ки 95,6 фоизи талабот аз ҷумла, дар муассисаҳои маориф – 41553,4 тонна (96,2 %-и талабот), тандурустӣ-7605 тонна (96,6 %) ва сохторҳои қудратӣ -3233 тоннаро (83,2 %) ташкил медиҳад.

Қарзи МБГ дар назди корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт ба ҳолати 01.11.2017-ӯм 87,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Пурра ва саривақт пардохт накардани маблағи ангишт аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вазъи молиявӣ ва истеҳсолии корхонаҳои соҳаи саноати ангишт таъсири манфии худро расондааст.

Бояд тазаккур дод, ки захираи ангишт ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бо назардошти мавҷудияти захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ метавонанд, тибқи тартиби муқарраргардида ангиштро харидорӣ намоянд.

 


 

Раёсати саноати истихроҷи ангишт  сохтори дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатро дар бахши саноати истихрочи ангишт, ки ба истифодаи ангишт вобаста мебошанд, таҳия ва татбиқ менамояд.

Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорат, Қарори ҳайати Мушовараи Вазорат, фармону супоришҳои Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

Фаъолияти Раёсат барои таъмини боэътимод ва босифати иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо ангишт, ҳифзи муҳити зист, гузариши мунтазам ба муносибатҳои иқтисодиёти бозоргонӣ, рушди корхонаҳо дар асоси рақобати озод, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ равона карда шудааст.

Раёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, вазорату идораҳо ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Анни замон,  дар ҷумҳурӣ 19-адад корхонаи  саноати истихроҷи ангишт дар 14 кон фаъолият доранд, ки Раёсат бевосита аз болои онҳо назорат мебарад.

Дар таҳияи стратегияи рушди саноати ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи он дар асоси барномаҳои байниҳукуматӣ, давлатӣ ва соҳавӣ  саҳм мегирад.

Раёсат, дар ҳолатҳои зарурӣ идоракунии фаврии корхонаҳои давлатии соҳаи ангишт, назорат ва мониторинги фаъолияти корхонаҳои хусусӣ ва муштарак, ки ба коркарду истихроҷи ангишт ва гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологиро дар кону пайдоишгоҳхои ангишт анҷом медиҳад.

Раёсат ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт дар шахтаҳо ва бурришҳо,талаботҳои коркарди ангишт ва гирифтани маҳсулотҳои лозимӣ аз он, тартиби аз эътибор соқит намудани талафоти ангишт ва қоидаҳои ягонаи пешбурди ҳуҷҷатҳо  ва нигоҳдории онҳоро тибқи «Дастурамали оид ба Баҳисобгирии истихроҷ ва коркарди ангишт дар шахтаҳо ва бурришҳо» таҳти назорат гирифта ва риояи онро таъмин менамояд.

Дар баробари ин бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисоси дар ҷумҳурӣ вобаста ба ин соҳа буда, аз ҷумла; Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова, ва Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкорӣ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ (нарасидани муаллимони соҳавӣ), дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон ба онҳо кўмак мерасонанд. Барои гузаштани корҳои амалии пеш аз дипломӣ (перед дипломный практика) ба донишҷўён ва дар таъмин намудани кадрҳои ҷавон бо кор, дар корхонаҳои зертобеи худ ёрии амалӣ мерасонад.