Фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ «Чарм»-и шаҳри Душанбе

фҷввҷ

ҶДММ «Чарм» шаҳри Душанбе аз коркарди аввалияи пӯст то маҳсулоти ниҳоӣ (чарм ва пойафзол) фаъолият менамояд.

Иқтидори коркарди пӯст дар як сол дар корхонаи мазкур 20 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсоли чарм солона 10 млн дм2– ро  дар бар мегирад.

Дар корхона 218 нафар кормандон кору фаъолият доранд.

Хатҳои технологии корхона бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонида шуда, чарм, пойафзолҳои низомӣ, корӣ, мардона, занона ва варзишӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳамзамон, бо воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав дар корхона истеҳсоли пойафзол барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки иқтидори он дар як сол беш аз 900 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.

Дар назди корхона мағозаи фирмавӣ амал мекунад, ки дар он фурӯши пойафзолҳои гуногун бо нархи миёна аз 150 то 300 сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз ҷониби корхона дар ноҳияи Восеъ нуқтаи фурӯши пойафзоли корӣ таъсис дода шудааст.


.sdhkdfl (1)sdhkdfl (2)sdhkdfl (3) sdhkdfl (4)sdhkdfl (5)sdhkdfl (6) sdhkdfl (7)sdhkdfl (8)sdhkdfl (9) sdhkdfl (12)sdhkdfl (13)sdhkdfl (14)sdhkdfl (15)sdhkdfl (16) sdhkdfl (17)