ҲАМОИШИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ СОҲАИ САНОАТ

     Санаи 19- уми сентябри соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Файзуллозода, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон А. Раҳмонзода ва муовини якуми Раиси Иттифоқи ҷавонон Р. Назарзода ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи саноат, истеҳсолот ва технология таҳти унвони “Интихоби мо – Пешвои Миллат” вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

     Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавононро ҳусни оғоз бахшида, дар аввал доир ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи саноати кишвар дар 7- соли сипаригардида сухан гуфта зикр намуданд, ки хамаи он дастовардҳо маҳз аз талошу заҳматҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша гирифта, бунёди корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини суръати афзоиши маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот шаҳодати ин гуфтаҳост.

     Дар ҷараёни суханронии пурмуҳтавои худ Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон А. Раҳмонзода қайд намуданд, ки маҳз самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

     Ҳамзамон хотиррассон намуданд, ки санаи 31- уми августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

     Инчунин зикр намуданд, ки аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

     Ҳамчунин, корманди ҷавони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик » Дик Павел Иванович» ва Сафарова Мавлуда Наимовна донишҷӯи курси 3- юми Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба сухан баромада, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

     Дар анҷом, Абдухалил Абдуллоев – мудири бахши кор бо кадрҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кормандони ҷавони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳоротро ҷиҳати дастгирии номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуда иброз дошт, ки ҷавонони соҳаи саноати кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар ҳамроҳ бо мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар маъракаи сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11- уми октябри соли 2020 барузор мегардад фаъолона иштирок намуда, номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд, якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

IMG_2052 IMG_2064 IMG_2073 IMG_2096 IMG_2119 IMG_2138 IMG_2151