Табрикоти роҳбарияти вазорат ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи мошинсозӣ

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кормандони соҳаи мошинсозиро, ки дар рушди саноати кишвар саҳми арзанда доранд, ба муносибати Рӯзи касбиашон  табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи истеҳсолӣ ва бунёдкории Ватани азиз, ба ҳамаи онҳо  бурдбориҳоро таманно менамояд.

Бояд зикр намуд, ки кӯшишу заҳматҳои аҳли  кормандони соҳаи мошинсозӣ дар амалишавии дастовардҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар созандаю назаррас мебошад.  

Аҳли  кормандони соҳаи мошинсозӣ  бо саъю кӯшиши бештар дар рушди иқтисодиёти кишвари азизамон,   бахусус дар  раванди амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босураъти  Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд!

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда, кормандони  соҳаи мошинсозии ҷумҳуриро бо Иди касбиашон, ки ҳар сол якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегардад муборакбод намуда, дар фаъолияти басо муҳиму созандаи онҳо ва ҳиссагузорӣ дар рушди саноати кишвар комёбиҳои назаррасро таманно менамояд.

Барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба ҳамаи аҳли кормандони соҳа барору комёбиҳо хоҳонем.

Рӯзи касбии кормандони соҳаи  мошинсозӣ муборак бод!.

    

                                                                                                                                                    Вазири саноат ва технологияҳои

                                                                                                                                                         нави Ҷумҳурии Тоҷикистон