Ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина”

120276581_4439039459499539_8494242042156038586_o

Тибқи расонаҳои АМИТ “Ховар” санаи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари  корӣ  дар  ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд.

Коргоҳи заргарии “Одина” дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар раванди амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.

Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои муосири коркарди маснуоти заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷа мебошанд таъмин карда шудааст.

120198234_4439039566166195_8310771539788542799_oБо бунёди коргоҳи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд, пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Бахши котиботи Вазорати саноат

                                                                                                           ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон