Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пойафзоли резинӣ

1Санаи 7 апрели соли 2021, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пойафзол бо таъсиси ҷойҳои корӣ барои 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ифтитоҳ гардид.

2

Корхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сабуров А. дар масоҳати 0,10 га сохта шуда, иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 15 000 ҷуфт намудҳои гуногуни пойафзол (бачагона, занона ва мардона) мебошад.

Соҳибкор тасмим гирифтааст, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми коргоҳро бо таъсиси боз 20 ҷойи кории иловагӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ омода намояд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон