Маҷлиси Ташкилоти ибтидоии “Оли Сомон”-и ҲХДТ

IMG_2672Имрӯз, санаи 13 апрели соли 2021 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии «Оли Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур, омӯзиши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ташкилот баррасӣ карда шуд.

IMG_2661Инчунин, дар маҷлис дарҷ гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ афзун намудани шумораи ҳизбиён ва дар ин замина мустаҳкам намудани мавқеи сиёсии ҳизб мебошад ва   дар ин радиф  ба ҳафт нафар кормандони ҷавони вазорат билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Дар маҷлис, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир Раиси Ташкилоти ибтидоии “Оли Сомон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон