“ПОЙТАХТ – СИМОИ ДАВЛАТ”

Ҳар шанбеи севуми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мешавад ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ сол то сол меафзояд.

Дар ин радиф муваффақият ва дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон ба маркази чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ  ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Бо шарофати сиёсати дурбинонаи Роҳбарияти олии кишвар меҳмонони зиёде ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Инчунин дар ин замина заҳмату фаъолияти пурсамари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хеле назаррас мебошад.

Дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри дилрабои Душанбе, роҳбарият ва кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони пойтахт ва дар шахсияти онҳо мардуми сарбаланди кишвари азизро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, торафт зебогӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагии шаҳри Душанберо таманно менамоем.

РӮЗИ ПОЙТАХТ МУБОРАК!

Бо эҳтиром,

Роҳбарияти Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон