Вохӯрӣ бо намояндагони Ширкати швейтсариягии “Rieter”

IMG-20210426-WA0002Санаи 26 апрели соли 2021 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати швейтсариягии «Rieter» вохӯрӣ анҷом дода шуд. Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадами коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт маҳсуб меёбад.

Дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, мубодилаи маълумоти дахлдор сурат гирифт.

IMG-20210426-WA0003Ҳамчунин, боздид ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудани намояндагони Ширкати «Rieter» аз як қатор корхонаҳои болозикр дар назар аст.

Мавриди қайд аст, ки Ширкати «Rieter» дар ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон ба шумор рафта, дорои 15 корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои гуногуни олам мебошад, ки дар он ҷо наздики 5000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон