Таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ – омили муҳими рушди соҳаҳои саноат

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷумла таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баён гаштаанд, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор  пайваста корбарӣ намуда истодааст.

111Дар ин раванд, 28 апрели соли 2021 бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милалӣ Муттаҳид, аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ вебинар дар мавзўи “Қонунгузории байналмилалӣ дар самти таъсис ва рушди инфрасохтори саноатӣ ва  инноватсионию технологӣ” бо мақсади омўзиши таҷрибаи кишварҳои Федератсия Россия, Белорус, Озорбойҷон, ва Қазоқистон вобаста ба таъсиси паркҳои саноатӣ, заминаи қонунгузорӣ, таҳияи Асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ,  нақшаҳои тиҷоратӣ  ва баррасии дигар масъалаҳо баргузор гардид.

222

Мавриди зикр аст, ки такмили заминаи қонунгузорӣ ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки механизми амалишавии дастовардҳои нави илмию техникӣ ва технологияҳои нави инноватсиониро дар истеҳсолот мушаххас мегардонанд, имконпазир мегардад.

Бахши котиботи Вазорати саноат  ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон