Рўзи Ғалаба – 9 май муборак!

 Муҳтарам аҳли кормандони соҳаҳои саноат,

 Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми сарбаланди кишвари азизро бо ин иди бузург- Рўзи Ғалаба муборакбод менамояд.

Ин Рўз барои миллионҳо одамон  бузургтар  аз солгарди анҷомёбии ҷанги хонумонсўз ва даҳшаттарин дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, он  ҳамчун нишони ибрати шуҷоат, шараф, пуртоқатӣ ва ҳисси мардонагии халқҳои мо дар ҳимояи Ватан мебошад.

Ғалабаи умум аз болои душман бори дигар қувваи бузург доштани  сарҷамъии халқҳои моро исбот намуд.

Дар ин Рўзи Ғалаба- 9 май ба ҳар яки Шумо ва наздиконатон тани сиҳат, умри бобаракат,  хушбахтӣ ва боварии комилро ба фардои  зиндагӣ таманно дорам.