Баргузории семинар-машварати омӯзишӣ

_DSC7458Оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистони вилояти Суғд аз 7 то 10 апрели соли 2021 баён доштанд, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН семинар-машварати омӯзишӣ оид ба коркарди меваю сабзавот дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд барои 30 нафар соҳибкорони истеҳсолии ВМКБ, вилояти Хатлон ва НТҶ аз 20 то 22 майи соли 2021 баргузор карда шуд.

_DSC7478Мақсади асосии чорабинии мазкур, рушд додани соҳаи коркарди меваю сабзавот тавассути омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи коркарди меваю сабзавоти вилояти Суғд, аз ҷумла “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд, “Баракат Исфара”-и шаҳри Исфара, “Меваи Қанд”-и шаҳри Конибодом, “Исфарафуд”-и шаҳри Исфара ва корхонаи “Оби Зулол”-и шаҳри Истаравшан дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бинобар доштани таҷрибаи сатҳи баланд дар самти истеҳсоли меваи хушк, маҳсулоти гуногуни консервагӣ аз меваю сабзавот, бастубанд ва содироти маҳсулоти истеҳсолӣ иборат буд.

_DSC7445Ҳангоми шиносоӣ бо корхонаҳои коркарди болозикр, сараввал аз ҷониби роҳбарони корхонаҳо оид ба таърихи таъсиси корхона, маҳсулотҳои дар корхона истеҳсолшаванда, мавқеи тамғаи молӣ дар рушди корхона, инчунин доир ба бозори фурӯши маҳсулоти истеҳсолӣ ба иштирокчиёни семинар – коркардкунандагони меваю сабзавот маълумот дода шуд.

Пас аз пешниҳоди муаррифии корхона, даъватшудагон аз коргоҳҳои истеҳсолӣ дидан намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои марбути истеҳсолот маълумоти дақиқ пешниҳод гардид, аз ҷумла:

– таҷҳизоти технологии корхона ва истифодаи самараноки он дар раванди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;

– технологияи коркарди меваю сабзавот;

– равандҳои истеҳсолӣ, оғоз аз қабули ашёи хом барои коркард то бастубанди истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– муҳимияти мутахассисони касбӣ дар фаъолияти самаранок ва рушди корхона;

– таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолӣ;

– аҳамияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар пешбурди савдо дар дохил ва хориҷи кишвар;

– интихоби дизайн ва маводҳо барои бастубанди маҳсулот.

_DSC7445Бинобар вобастагӣ доштани фаъолияти мунтазами корхона ва сифати маҳсулоти истеҳсолӣ аз ашёи хоми коркард, ба иштирокчиёни семинар боздиди хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Зерновая Компания”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар он парвариши меваҳои донагӣ ба монанди зардолу, шафтолу, гелос ва олу бо усули боғдории интенсивӣ бо истифодаи ниҳолҳо ва технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Итолиё ба роҳ монда шудааст, ташкил карда шуд.

Аз ҷониби мутахассисони хоҷагии мазкур, ки ҳамкории зич бо мутахассисони Ҷумҳурии Итолиё доранд, вобаста ба самаранокии истифодаи дастгоҳу техникаи кишоварзӣ, навъҳои нави серҳосили меваҷот, технологияи обёрӣ ва парвариши меваҳо маълумот пешниҳод гардид.  

Дар раванди муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба ашёи хом, равандҳои технологии истеҳсолот, интихоби хатҳои технологии мувофиқ, усулҳои бандубасти маҳсулот ва гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.

Дар баробари ин, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) ва корхонаҳои ширкатҳои “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд, “Баракат Исфара”-и шаҳри Исфара, “Меваи Қанд”-и шаҳри Конибодом ва “Исфарафуд”-и шаҳри Исфара ҷиҳати ройгон таҳия намудани тамғаи молӣ ва мусоидат намудан дар омода намудани мутахассисони касбӣ барои корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти ВМКБ, вилояти Хатлон ва НТҶ омодагии худро иброз намуданд.

Инчунин, дар доираи семинар-омӯзиши мазкур байни иштирокчиён масъалаи интиқоли ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр аз вилояти Хатлон ва НТҶ  ба корхонаҳои саноатии вилояти Суғд барои коркарди минбаъда мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар маҷмуъ, барои коркарди бештари меваю сабзавоти маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланд, пеш аз ҳама ҷалб ва омода намудани мутахассисони касбӣ, татбиқи технологияҳои сарфакунандаи барқ ва ашёи хом, интихоби навъҳои серҳосили мева, маводҳои бандубаст бо дизайни муосир ва ба роҳ мондани кооператсия дар истеҳсолот масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, ба корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти ВМКБ, вилояти Хатлон ва НТҶ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани таклифҳои зерин,  тавсияҳо дода шуданд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон