Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон

IMG_31834 июни соли 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Reqency Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки муовини Сарвазир, вазирони саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Ҷумҳурии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, намояндаи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони зиёди ширкатҳои истеҳсоливу тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

IMG_3196Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноатро бо дарназардошти имкониятҳои тарафайн таъкид намуда, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни ширкатҳои саноатии якдигар ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳо ва ташкили корхонаҳои муштарак, таъмини бозори истеъмолии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамзабонро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшида, барои зиёд намудани табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

IMG_3236