Ифтитоҳи аввалин лабораторияи зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ

IMG_3261

IMG_3272Санаи 8 июни соли 2021, бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи  зеҳни сунъӣ бо номи TajRupt, ки он  аввалин лаборатория дар минтақаи Осиёи марказӣ мансуб меёбад, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Раиси  Бонки миллӣ,  намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи RSM дар Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии лабораторияи зикргардида, ин тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъи ба ҳисоб рафта, муассис ва роҳбари он Азизҷон Азимӣ  мебошад.IMG_3282

Барномаи таълимии TajRupt дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt,  дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳоро  меомӯзад, аз ҷумла: сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендерӣ.  Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва сахтгирии мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд.

Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ,   забони англисӣ  ҳамчун забони асосии муошират дар синф  ҷорӣ карда шудааст.