Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва Матритсаи амалиёти он

    IMG_3301Рӯзи  9 июни соли 2021,   дар Вазорати  саноат ва    технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» ва Матритсаи амалиёти он баргузор гардид.

    Дар аввал, Солеҳзода Умед Абдулло – роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025»  ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ба таври мушаххас доир ба  вазъи воқеӣ, дастовардҳо ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноат сухан гуфтанд.

     Давр ҷаласа, масъала оид ба фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати мониторинг ва амалишавии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва Матритсаи амалиёти  он,  пешниҳодҳо ҷиҳати   ҳалли мушкиливу монеаҳо дар раванди амалишавии Барномаи болозикр  ва таҳлили вазъи  соҳаи  саноати  кишвар, инчунин  масъала ҷиҳати  муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаҳои саноат  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  

    Қайд карда шуд, ки рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди давлат маҳсуб ёфта, тараққии дигар соҳаҳо низ марбут ба он дониста мешавад. Ин аст, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми кишвар эълон намуданд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон