ТАБРИКОТ ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук

Ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук якшанбеи дуюми моҳи июн таҷлил карда мешавад.

Таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии кишвар ба рушди соҳаи саноати сабук мунтазам ба назар расида, соҳаи мазкур бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, муҳайё намудани шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, бахусус барои занону духтарон ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин кардани бозори дохилӣ, он соҳаи афзалиятноки ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Мавриди қайд аст, дар доираи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 раванди амалигардонии ҳадафи саноатикунонии кишвар дар соҳа  татбиқ гардида, ба таъмини коркарди зиёдтари ашёи хом дар дохили кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои ниёзи мардум, афзун намудани иқтидори содиротӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи саноати сабук якқатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.

Солҳои охир бо заҳматҳои аҳли меҳнатии корхонаҳои соҳа дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст омада, нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук тамоюли болоравӣ дорад.

Дар ин раванд, дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида, корхонаҳои соҳа соли 2018 ба маблағи 2,7 млрд сомонӣ, соли 2019 ба маблағи 2,8 млрд сомонӣ ва соли 2020 ба маблағи 3,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ҳамчунин, соли гузашта вобаста ба талаботи бозор номгӯи маҳсулоти нави ивазкунандаи воридот аз қабили ниқоб, халати муҳофизатӣ ва докаи тиббӣ, сачоқчаҳо барои ҷарроҳӣ, инчунин дастпӯшакҳои корӣ роҳандозӣ гардид.

Минбаъд низ дар самти рушди устувори саноати сабуки кишвар, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот тадбирҳо ба амал бароварда шуда, ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо дар ҳамбастагӣ бо корхонаю соҳибкорони истеҳсолӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук муборак бод ҳамкорони гиромиқадр!

 

Бо камоли эҳтиром,

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир